Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ШИФО-УЛ-АЛИЛ»

«ШИФО-УЛ-АЛИЛ»

«ШИФО-УЛ-АЛИЛ» Аасари Каҳол Убайдулло дар боби тиб, ки с. 1598 ба забони форсӣ таълиф шудааст. Асар аз сарсухан ва 18 боб иборат аст, ки дар як боб ба якчанд фасл ҷудо мешавад. Сарсухани асар ба аҳамияти тиб ва вазифаҳои табибон бахшида шудааст. Боби якум дар бораи сохти майна ва аҳамияти он, сабабҳои пайдоиши дарди cap ва усулҳои муолиҷаи ои баҳс мекунад. Боби дуюм ба чашм ва сохти он, амрози чашм ва усулҳои пешгирию муолиҷаи он оид аст. Боби сеюм дар маърифати амрози гуш, бинӣ ва даҳон, аз ҷумла дарди дандон ва забон, усулҳои давои онҳо буда, дар боби чаҳорум оид ба дарди гулу ва муолиҷаи он сухан меравад. Дар боби панҷум амрози дил ва муолиҷаи он, дар боби шашум, ҳафтум ва ҳаштум сохти узвҳои ҳозима, дигар, талхадон, меъда, руда ва касалию муолиҷаи онҳо, боби нуҳум масъалаҳои амрози ҳароммағз, боби даҳум (8 фасл дорад) оид ба дарди шошадон маълумот медиҳад. Бобҳои минбаъдаи асар дар бораи дарди банди дасту пой, ташхиси амрози пусти бадан, муолиҷаи захми бадан, бемориҳои кудакон, вараҷа ва ғ. баҳс мекунад. Дар қисми хулоса муаллиф дар бораи буҳронҳо, сабабҳои фавти беморон, сактаи қалб ва ғ. маълумот медиҳад. Дастхати «Ш.» таҳти рақами 2611 дар Ин-ти шарқшиносии АФ РСС Узб. маҳфуз аст.

Т. Аҳмадов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …