ШИБОҒЧОЙ (Orostachys thyr-siflora), як навъ гиёҳест аз оилаи ушкуфаиҳо. Зоҳиран ба гиёҳи ушкуфа монанд аст. Пояи гулдораш 5—20 см қад мекашад. Баргаш сергушт, сегуша; дар бехи поя зич месабзад. Гулаш 5-баргаи сафед ё гулобист (дарозии гулбаргаш 5—6 мм). Тухмаш майда, байзашакл. Дар баландкуҳҳо, санглохи нишебии куҳҳо, шахсор, баъзан дар шағалу ҷойҳои санглох (Помири Шарқӣ; 3800—4000 м аз с. б.) меруяд. Ш.-ро моли майда нағз мехурад. Барги Ш.-ро табибони халқӣ барои табобати касалиҳои пуст (оби барги тару тозаашро ба ҷои касали пуст мемоланд) истифода мебаранд. Чойи хушагул ва бехи он хусусиятп давоӣ дорад.
М. Ҳоҷиматов.