Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШЕВАН Мулло Муҳаммад-шарифхоҷаи Бухороӣ

ШЕВАН Мулло Муҳаммад-шарифхоҷаи Бухороӣ

ШЕВАН Мулло Муҳаммад-шарифхоҷаи Бухороӣ (с. та в. номаълум — ваф. 1845, Бухоро), шоири тоҷик. Илмҳои расмии даврашро дар 18-солагӣ аз худ намуда, чун шахси донишманд шуҳрат ёфта буд. Дар мадрасаи Кукалтоши Бухоро мударрис ва муддате қозикалони ш. Бухоро будааст.

Ба қавли тазкиранигор Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ Шеван девони ашъор доштааст. Ашъори Шеван тавассути баёзҳо ва маҷмӯаҳо то замони мо расидаанд. Абьёти зер намунае аз шеъри Шеван аст:

Адаб набвад зи рӯят дидаҳо гар равшан аст имшаб,

Ки дуди оҳи аҳли шавқ партавафкан аст имшаб…

Машав аз зулмати исьён асири ноумедиҳо.

Саҳар чун офтоб аз чоки дил дар равзан аст имшаб.

Ба маҳфил шамъ аҳли ҷоҳро хандида мегуяд.

Ки саъйи саркашӣ роҳи адам паймудан аст имшаб.

Ҷазои он ки механдад ба тарзи шамъ дар маҳфил.

Ба cap, Шеван, сиришк аз сузи дил боридан аст имшаб.

Т. Неъматзоза.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …