Маълумоти охирин

ШЕВА

ШЕВА қисми калонтари забони маҳаллӣ. Гуруҳи лаҳҷаҳоеро фаро мегирад, ки баробари фарқҳои ҷузъӣ хусусиятҳои умумӣ низ доранд. Калимаҳои Шева ва лаҳҷа дар адабиёти илми то с-ҳои 70 ҳамчун муродиф бетафовут ба ҷои ҳамдигар истифода мешуданд. Ҳоло фарқи истилоҳии онҳо таъин шудааст. Лаҳҷа мафҳуми танг, шохаи хурд. Шева мафҳуми васеъ, маҷмуаи чанд шохаеро, ки аломатҳои якхела доранд, ифода мекунад. Лаҳҷаву Шеваҳо дорои бисьёр аломатҳои хос бошанд ҳам, ба забони умумихалқӣ ҳамбастагии қавӣ доранд. Онҳо категорияи таърихӣ ба шумор рафта, дар шароити муайяни таърихӣ ба вуҷуд меоянд ва дар марҳилаи алоҳидаи инкишофи ҷамъият фано мешаванд.

gap-zadan

Дар ҳар як забон лаҳҷаҳое, мавҷуданд, ки барои соҳибони лаҳҷаҳои дигар ба таври бояду шояд дастрас нестанд. Фарқи Шева ва забонҳо фақат бо аломатҳои соф забонӣ маҳдуд намешавад, балки омилҳои ичтимоӣ, сиёсӣ ва маданиро, ки дар тули таърих ба амал меоянд, низ фаро мегирад. Шева ва лаҳҷаҳо ҳодисаи хеле қадимӣ буда, пайдоиши онҳо аз қаъри асрҳо ибтидо мегирад. Ба ин маънӣ лаҳҷа ва Шеваҳои имрӯза, аз як тараф, дар натиҷаи ҷараёни забонии ҷудо ва парешоншавӣ, аз тарафи дигар, ба туфайли ҷараёни забонии якҷоя ва муттаҳидшавӣ пайдо шудаанд. Ин ҳодиса дар навбати аввал ба таърихи офарандагони Шева тарзи зиндагии якҷоя ё парокандаи онҳо марбут аст. Ба омӯзиши Шева ва лаҳҷаҳо илми шевашиносӣ машғул аст.

Р. Ғаффоров.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …