Маълумоти охирин

ШЕРОЗӢ

ШЕРОЗӢ, навъи харбузаи миёнсолӣ. Шаклаш лунда, дарозиаш то 40 см, вазнаш 3—4 кг. Пусташ суфта ва баъзан рахдор, бетур, нақшҳои сабзранг дорад. Рангаш сабзи зардранг. Ғафсии гушташ 4—5 см, сафеди хокистарранг, баъзан сурх, cepшира ва хуштаъму хушбуст. 7,2— 9,8% қанд (3,5—6,5% сахароза) ва 9,0—12,9% моддаи хушк дорад. Баъди 80—95 рузи кишт мепазад. Аз ҳар га ба ҳисоби миёна 250—280 ц ҳосил медиҳад. Асосан дар вил. Бухорои РСС Узб. ва баъзе хонагиҳои вил. Ленинобод паҳн шудааст. Ниг. низ Харбуза.

xarbuza

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …