Маълумоти охирин

«ШЕЪРИ НАВ»

«ШЕЪРИ НАВ» истилоҳест барои ифодаи равияву тамоюлоти навҷуӣ дар қолаб, вазну қофия ва маҷмуи образҳои шеърӣ муосири форсизабонон. Дар нимаи с-ҳои 50 дар адабиётшиносӣ ва танқиди адабии Эрон пайдо шуда, сипас дар Афғонистон ва Тоҷикистон низ маъмул ва муддате боиси баҳсу мунозираҳои тунду тез гардид.

Оғози ҷараёни «Шеъри навр»-ро ба Нимо Юшиц вобаста медонанд (шеъру манзумаҳои «Қиссаи рангпарида», «Чашмаи кучак», «Хурус ва рубоҳ», «Бузи Мулло Ҳасани масъалагӯ» ва ғ.). Шикастами мисраъҳо, дарозу кутоҳ ва номутасовӣ қарор гирифтани онҳо дар арузи озод асосан ба аҳамият пайдо кардани истҳо (паузаҳо), аломатҳою задаҳои мантиқӣ вобаста мобошад. Масалан, оғози «Шеъри ангур»-и Нодирпур чунин аст:

Чӣ мегуед?

V

Куҷо шаҳд аст ин обе, ки дар донаи ширини ангур аст?

V                  /V /V  /

V                  /V

Куҷо шаҳд аст?

V                  /V

Ин ашк аст,

Ашки боғбони пири ранҷур аст,

Ки шабҳо роҳ паймуда…

V                  /V

Ии шеър дар асоси рукни мафоилуни баҳри ҳазаҷ эҷод шудааст, вале бар хилофи арӯзи анъанавӣ адади рукнҳо дар ҳамаи мисраъҳо баробар нест, баъзан аз рукн ҳиҷое ба мисраи дигар мегузарад, қофия низ тартиби муқаррару муайян надорад.

Дар назми форсизабони Афғонистон арузи озод аз с-ҳои 60 маъмул шуда, дар ин ҷода Борики Шафеӣ Сулаймон Лоиқ ва диг. осори ҷолиб офаридаанд. Шоирони афғон барои ифодаи мазмунҳои иҷтимоӣ аз унсурҳои шеъри озод ва шеъри сафед низ истифода мекунанд.

Дар назми советии тоҷик навпардозиҳо дар соҳаи шакли шеър вобаста ба табаддулоти сиёсиву иҷтимоӣ дар зиндагии мардум ва мундариҷаи адабиёт аз «Марши ҳуррият»-и устод Айнӣ ва дар с-ҳои 30 аз достонҳо ва тарҷумаҳои Лоҳутӣ, ашъори Пайрав ва Ҳабиб Юсуфӣ оғоз шуда бошанд ҳам, тағйироти ҷӣддӣ дар сохт ва таркиби шеър баъди с-ҳои 60 ба вуқуъ пайваст. Муъмин Қаноат, Лоиқ, Бозор Собир, Гулрухсор, Гулназар на танҳо дар эҷоди шаклҳои тозаи шеър аз худ ҷасорати адабӣ зоҳир намуданд, балки ба эҷодкорона истифода бурдани имкониятҳои арӯз, ба озодона, мувофиқи такозои мантиқ ва тобишҳои маъноии образҳо, тибқи оҳангу лаҳни сухан ба кор андохтани қофия пардохта, ба таркиби шеъри тоҷикӣ тағйироти назаррас ворид намуданд. Ин тағйирот дар эҷоди шаклҳои нави шеър, ки дар назми анъанавӣ собиқа надоштанд, яъне аз чиҳати қолаб ба ягон шакли- анъанавӣ мувофиқат намекунанд («Иди бахт», «Хоби қаҳрамон», «Дар паноҳи шохсорон», «Обшор», «Исфара», «Ману шабҳои бехобӣ», «Нарав, кӯи сафеди ман!»-и Муъмин Қаноат, «Китобҳои шаҳид», «Корнетов», «Ҷуфти ҳамбол»-и Лоиқ, «Ватан», «Забони Ватан»-и Бозор Собир, «Зангулаи Хатин»-и Гулназар ва ғ.), дар истифодаи рукнҳо ва баҳрҳои гуногуни арӯз дар доираи як асар (мас., дар достонҳои Муъмин Қаноат) зоҳир мегардад. Бо вуҷуди ин, навпардозиҳои шоирони тоҷики аз ибтидо асосан дар заминаи анъанаҳои миллӣ сурат гирифта, инкишоф меёбад.

Ад.: Кляшторина В. В., «Новая поэзия» в Иране, М., 1075.

А. Абдуманонов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …