Маълумоти охирин

ШЕЪРИ МАНСУР

ШЕЪРИ МАНСУР, асари насрии лирикиест, ки ба ғайр аз вазну қофия ҳама хусусиятҳои шеърӣ лирикиро дар бар мегирад. Ҳаҷмаш хурд аст, ба бандҳо тақсим мешавад, воситаҳои тасвир ва санъатҳои бадеии дар шеър маъмулро дорост. Хусусияти муҳимми он баёни пуртуғёни эҳсосот, ифодаи таассуроти субъективии эҷодкор мебошад. Равонию хушоҳангӣ ба туфайли истифодаи саҷъ, такрор ва мувозина аз хусусиятҳои шаклию услубии Шеъри мансур ҳисоб меёбанд. Ш. м. дар а-ҳои 18—19 (давраи инкишофи романтизм) ташаккул ёфтааст. Дар адабиёти европаӣ бештар адибони франсавӣ ба он таваҷҷуҳ карданд. Истилоҳи Ш. м,-ро бори аввал Ш. Бодлер ба кор бурд. Сипас А. Рембо, Лотреамон, А. Бретон ва диг. дар ин жанр асарҳо офариданд. Намунаҳои классикии ин жанри адабӣ дар адабиёти рус «Шеърҳои мансур»-и И. С. Тургенев мебошанд. Дар адабиёти тоҷик баъзе бандҳову порчаҳои ҷудогонаи романҳои С. Айнӣ, новеллаҳои Ҳаким Карим, ҳикояҳои С. Салоҳ ва диг. Ш. м. мебошанд.

Р. Мусулмонқулов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …