Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЩЕРБИЦКИЙ Владимир Васильевич

ЩЕРБИЦКИЙ Владимир Васильевич

sherbitsky-v-v

ЩЕРБИЦКИЙ Владимир Васильевич (тав. 17. 2. 1918, Верхнеднепровск, ҳоло вил. Днепропетровски (ЮСУ), ходими партиявӣ ва давлатии советӣ, ду карат Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1974, 1977). Аз оилаи коргар. Аъзои КПСС аз с. 1941. С. 1941 Ин-ти технологияи химияи Днепропетровскро хатм намуд. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. С-ҳои 1952—54 котиби якуми Комитети партиявии шаҳри Днепродзержинск, с-ҳои 1954—55 котиби дуюм, 1955 —57, 1963—65 котиби якуми комитети партиявии вил. Днепропетровск. С-1ДОИ 1957—61 котиби КМ ПК Украина. С-ҳои 1961—63, 1965— 72 Раиси Совети Вазирони РОСУ. Аз с. 1972 котиби якуми КМ ПК Украина. Аа с. 1961 аъзои КМ КПСС. Аз апр. 1971 аъзои Бюрои Сиёсии КМ КПСС (номзад с-ҳои 1961—1963, аз 1965). Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 5—11). Аз с. 1972 аъзои Президиуми Совети Олии СССР. Бо 6 ордени Ленин, ордени Революцияи Октябрь ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …