Маълумоти охирин

ШЕРАЛӢ

ШЕРАЛӢ, қаҳрамони эпоси «Гурӯғлӣ», набераи Гуруғлӣй, писари дуюми Аваз. Шералӣ дар байни паҳлавонон ба камол расида, зуд дар баҳодурӣ ном баровардааст. Вай ҷавони пурқувват, шуҷоъ ва далеру нотарс, аз ҳама паҳлавонони Чамбули Мастон пурзуртар будааст. Шералӣ бо бародараш Нуралӣ мудофиаи Чамбули Мастон ва нест кардани шоҳони золими ҳамсояро ба зимма доштааст. Аз ҷумлаи корнамоиҳои Шералӣ ин аст, ки у ҳама паҳлавононро аз асирии Дафлоншоҳ озод карда, худи уро ба қатл расонидааст. Шераӣ паҳлавони мағлубиятнопазиру намиранда ва қаҳрамони дустдоштаи халқ мебошад.    Қ. Ҳисомов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …