Маълумоти охирин

ШЕРАК

ШЕРАК (юн. Сирак), сакоӣ, кақрамони афсонавӣ, ки муаллифони Юнони Қадим аз у хабар додаанд. Нависандаи юнонӣ Полиен ҳикоят мекунад, ки шоҳи Эрон — Доро азми юриши зидди сакоиҳо кард. Чупон Шерак қарор медиҳад, ки ҳамқабилагони худро аз бадбахтӣ раҳо кунад. Вай худро маъюбу маслуқ сохта ба урдугоҳи форсҳо меравад ва ба Доро арз мекунад, ки шоҳони сакоиҳо уро ба ин ҳол овардаанд ва у аз онҳо қасос гирифтанист. Шерак бо ин баҳона ба аскарони форс роҳбалад шуда, онҳоро (бо сардории Доро) ба биёбони регзоре меоварад, форсҳо дар он ҷо аз гуруснагию ташнагӣ кариб ҳалок шуда буданд. Форсҳо бо машаққати зиёде то ба д. Бохтар расиданд ва ҷон ба саломат бурданд. Шерак қаҳрамонона ҳалок шуд, вале халқи худро аз марг наҷот дод.

И. В. Пьянков.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …