Маълумоти охирин

ШЕЪР

ШЕЪР (ар. — дарьёфтан, фаҳмидан, донистан), каломест мавзуну қофиядор. Шеър яке аз навъҳои асосии адабиёт буда, бо, тартибу низоми сухани бадеӣ аз наср фарқ мекунад. Шеър дар ибтидо гуфтори мавзуну савтии инсон буда, асосан барои иҷтимоъ гуфта мешуд. Шеър ҳолати гуяндаро дар шакли ниҳоят амиқу нотакрор инъикос менамояд, ки наср ба ин қодир нест. Аз ин сабаб дар ҳама давру замон мардум ба он эҳтиёҷ доштанд. Сухани инсон танҳо ба воситаи Шеър низому тартиб гирифта, қимати бадеӣ пайдо мекунад. Сохт ва таркиби Шеър дар заминаи суруду таронаҳои халқӣ ба вуҷуд омадааст. Қалами мавзуни бадеъ маъмулан бо ҳамоҳангии мисраъҳои пай дар пай ё ба ҳам наздик сохта мешавад. Ин ҳамодангии мисраъҳоро қофия мегӯянд. Хусусият ва таърифи Шеър дар «Поэтика»-и Арасту, «Шифо»-и Ибни Сино, «Ал-муъҷам»-и Шамси Қайси Розӣ, «Асос-ул-иқти-бос»-и Насируддини Тусӣ, «Рисолаи арӯз»-и Сайфии Бухороӣ, рисолаҳои Номӣ («Рисолаи қофия», «Рисолаи арӯз», «Рисолаи муаммо») ва ғ. баён шудаанд. Арасту Шеърро баробари наср қарор дода, зери мафҳуми Шеър танҳо сухани мавзунро ба инобат гирифтааст. Дар назари вай Шеър аз (вазн ҷудо нест, аммо миёни Шеър ва назм фарқ гузоштааст. Ба ақидаи у, асолати Шеър дар маънӣ ва мазмун аст ва аксар суханони манзумро набояд аз ҷинси Ш. ба шумор овард. Ибни Сино дар Ш. аҳамияти тахайюли бадеиро эътироф карда менависад: «Шеър каломи мухайял аст, ки аз аҳволи мавзуну мутасовӣ сохта шуда ва назди аъроб дорои қофия ҳам бошад». Шамси Қайси Розӣ дар таърифи Ш. гуфтааст; «Шеър суханест андешида, мураттаби маънавӣ, мавзуни мутакаррир, мутасовии ҳуруфи охирини он ба якдигар монанда». Ш. воқеиятро ба ҳақиқати бадеӣ табдил дода, арзиши бадеию эстетики пайдо мекунад, ки зимни он сухан ба дараҷаи ҳунару санъат мерасад. Аз ин ру адибони гузашта ба қудрати шоирони бузург ва сеҳри сухани онҳо иқрор шудаанд ва шоириро санъати суханварӣ номидаанд. Ш., илова ба шакли хосси бадеиаш бояд равону содда буда, ваҳдати мазмуну шакл риоя шавад. Дар шакли Ш. анвои гуногуни асарҳои бадеӣ таълиф шудаанд. Эпосҳои миллӣ («Шоҳнома»), халқӣ («Гуруғлӣ), роману драма ва достонҳо ҳамагӣ асарҳои шеърӣ мебошанд. Дар замони қадим ва асрҳои миёна анвои Шеър ба ягон мавзуъ алоқамандӣ доштанд, вале таснифи онҳо ба зуҳури шакл вобаста буд. Дар Юнони Қадим навъҳои Ш.-ро аз руи вазн муайян кардаанд. Дар адабиёти тоҷик анвои Ш.-ро аз руи қофия мешиносанд. Навъҳои Ш.-и тоҷикӣ аз байт, рубоӣ, дубайтӣ, қитъа, ғазал мусаммат (мусаллас, мураббаъ, мухаммас), қасида, тарҷеот (тарҷеъбанду таркиббанд), мустазод ва маснавӣ иборат мебошад. Воҳиди асосин Ш. байт аст. Ҳамаи навъҳои Ш.-и форсӣ-тоҷикӣ ба ғайр аз маснавӣ аз таркиби қофияи аа. ба, ва ва ғ. яъне як байти ҳамқофия ва байте, ки мисраи аввали он ба қофия озод аст, сохта мешаванд. Дар маснавӣ бошад, маҷмуи байтҳо мустақилқофия (аа, бб, вв…) мебошанд. Муҳимтарин хусусияти анвоъи шеъри классикӣ шакли комилу устувори онҳост. Мас., комилтарин шакли ғазал он аст, ки ҳаҷми он аз 5—7 байт иборат бошад. Ҳамин гуна ҳудуди шакл барои дигар навъҳои Ш. низ муқаррар шудааст. Камолоти маънӣ низ аз талаботи Ш. буда, шоирон дар тасвири бадеии ишқу ошиқӣ панду андарз ва инсону табиат ба он риоя кардаанд. Ш. дар замони советӣ ҳам аз ҷиҳати шакл ва ҳам аз ҷиҳати мазмун тағйиру такмил ёфт. Дар Ш.-и имрӯза хусусиятҳои анъанавии шакл, монанди қофия ва вазни ягона кам ба эътибор гирифта мешавад. Шоир дар иваз кардани унсурҳои шакл соҳибихтиёр аст. Дар Ш.-и имрӯза масъалаҳои мазмун ва таносуби сухан ба мадди аввал гузаштанд, ки имкониятҳои шаклии ифодаи мазмун мураккабтар шуданд. Дар эҷодиёти шоирон шаклҳои нави Ш., ки аз шаклҳои анъанавӣ фарқ дораид, ба назар мерасанд.

  1. Щарифов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …