Маълумоти охирин
Главная / Илм / ШЕЕЛИТ

ШЕЕЛИТ

scheelite

ШЕЕЛИТ (ба шарафи кимёгари шведӣ К. В. Шееле номида шудааст), минералест аз синфи волфраматҳо. Таркиби химиявиаш CaW04; ба сифати омехтаҳои изоморфӣ то 10% Мо03 (дар молибдошеелит ва зейригит), то 7% СиО (дар купрошеелит) ва баъзан ба микқори кам Sr, Mn, Nb, Та, Р ва г. низ дорад. Аксар агрегатҳои донадор ҳосил мекунад. Шеелит одатан беранг, сафед, хокистарранг, зардча, гоҳо бур, сабз ва сиёҳи алмосҷило мешавад. Сахтиаш 4,5—5; зичиаш 6,1 г/см3. Дар ҷинсҳои скарнӣ, рагҳои гидротермалӣ ва диг. ҷойҳо дучор мешавад. Маъдани вольфрам мебошад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …