Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШАХСИЯТ

ШАХСИЯТ

shaxsiyat

ШАХСИЯТ, маҳсули иҷтимоӣ ва субъекти ҷамъиятист, ки таърихан дар асри таъсири муҳити ҷамъиятӣ, тараққии қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ ташаккул ва инкишоф меёбад. Тарзи муайяни истеҳсолот, маданият ва хусусиятҳои биологи характер, ирода, фаъолияту амалиёти хоси Шахсиятро ба миён меорад. Моҳияти Шахсият «сифати иҷтимоии вай» аст. (К. Маркс ва Ф. Энгельс, Асарҳои мунтахаб, д. 1, Д., 1963 саҳ. 242).

Дар ҷамъияте, ки ба моликияти хусусӣ будани воситаҳои истеҳсолот асос ёфтааст, шароити мусоид фақат барои инкишофи Шахсияти синфҳои доро мавҷуд аст. Бо ғалабаи социализм типи сифатан нави Шахсият ба вуҷуд меояд. Заминаи муҳимми инкишофи Шахсият дар шароити социализм баробарии иҷтимоист, Афзудани роли иҷтимоии Шахсият дар меҳнат ва соҳаҳои дигари ҳаёти ҷамъиятӣ боиси инкишофи босуръати муносибатҳои истеҳсолӣ, татбиқи комёбиҳои илму техника дар истеҳсолот мегардад.

Таълимоти гуногуни метафизикӣ Шахсиятро маҳсули меҳнати иҷтимоию биологӣ мешуморанд. Ақидаҳои волюнтаристие низ вуҷуд доранд, ки аҳамияти ташаккули Шахсиятро умуман рад менамоянд. Марксизм Шахсиятро ҳам маҳсул ва ҳам субъекти таърих медонад ва ақидаҳои индивидуализми буржуазиро, ки Шахсиятро ба ҷамъият муқобил мегузорад, танқид карда, инкишофи ҳаматарафаи Шахсиятро мақсади олии ҷамъияти коммунистӣ медонад.

А. Муҳаббатов, X,. Соҳибназаров.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …