Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «ШАВОҲИД-УР-РАБУБИЯ»

«ШАВОҲИД-УР-РАБУБИЯ»

«ШАВОҲИД-УР-РАБУБИЯ» асари файласуфи а. 16-и Эрон Садруддини Шерозист. Дар он хулосаи асари 9-ҷилдаи фалсафии «Ал-асфор-ул-ақли-ул-арбаа» гирд омадааст. «Шавоҳид-ур-раббубия» аз 5 ооб (машҳад) иборат аст. Ҳар боб як чанд фасл (шавоҳид) ва ҳар фасл чанд ҷузъ (ишроқ) дорад. Дар боби аввал умури омма ва ҳақоиқи куллӣ баён шудааст. Дар боби дуюм воҷибулвуҷуд ва судури касрат аз он, дар боби сеюм дақиқати маод ва пайдоиши нафс аз назари мутафаккир баррасӣ гардидааст. Боби чаҳорум масъалаҳои табиию илмӣ аз қабили ҷисм, ҳаракат, замон, макон ва ғ.-ро дар бар мегирад. Боби панҷум роҷеъ ба вуҷуди инсон дар силсилаи маротиби вуҷуд баҳс мекунад.

М.Ҳазратқулов

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …