Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАВҚИИ КАТТАҚӮРҒОНӢ Муҳаммадшариф

ШАВҚИИ КАТТАҚӮРҒОНӢ Муҳаммадшариф

ШАВҚИИ КАТТАҚӮРҒОНӢ Муҳаммадшариф (1785, Каттақӯрғон—1871, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Аз оилаи деҳқон. Таҳсили ибтидоиашро дар зодгоҳаш гузаронида, сипас барои такмили дониш  ба Бухоро омад. Ба илмҳои мантиқ, фиқҳ, тафсир, ҳадис, риёзиёт, ҳандаса, сарфу наҳви арабӣ, бадеъ ва ғ-ро омӯхт. Ба шеъргӯӣ аз овони ҷавонӣ шурӯъ кард. Вай ба хидмати дарбор даъват шуд, вале пас аз чанде ни корро тарк карда, ба зодгоҳаш рафт ва ба касби дедқониву мактабдорӣ рӯз мегузаронд.

Аз Шавқии  Каттақўрғонӣ девони ашъор ва ғазалҳо боқӣ мондаанд. Як нусхаи дастнависи девони Шавқии Каттақўрғонӣ, ки худаш с. 1841 тартиб додааст, дар Ганҷинаи дастнависҳои Ин-ти шарқшиносии АФ PCС Тоҷикистон. Маҳфуз аст. Т. Неъматзода.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …