Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАРОФОВ Насриддин Олимович

ШАРОФОВ Насриддин Олимович

ШАРОФОВ Насриддин Олимович (тав. 5. 5. 1928, ш. Самарқанд), забоншиносии советии тоҷик. доктори . илмҳои филология (1976), проф. (1978). Аз оилаи коргар. Аъзои КПСС аз с. 1952. Ин-ти давлатии Ӯзбекистонро хатм кардааст (1949). Аз с. 1959 ходими калони илмии Ин-ти забон ва адабиёти АФ РСС Тоҷикистон. Шарофов ба тадқиқи масъалаҳои инкишофи лексика ва терминологияи забони адабии ҳозираи тоҷик машғул аст. Доир ба соҳаҳои гуногуни лексика ва терминологияи забонҳои тоҷикӣ, узбекӣ, озарӣ ва русӣ мақолаҳои илмӣ навиштааст. Бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди Владимир Ильич Ленин» мукофотонида шудааст.

А. Мирзоев

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …