Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАРМА Ракеш

ШАРМА Ракеш

sharma-r

ШАРМА Ракеш (тав. 13. 1. 1949, ш. Патиал) аввалин кайҳонаварди Ҳиндустон, майори Қувваҳои ҳарбои ҳавоии Ҳиндустон, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1984).

Аз с. 1982 дар Маркази тайёрии кайҳонвавардон ба номи Ю. А. Гагарин ба парвози кайҳон тайёрӣ дид. Курси пурраи таълимро аз руи программаи парвоз дар киштии кайҳонии «Союз-Т» ва ст. мадории «Салют» тамом кард. 3 апр. 1984 дар киштии кайҳонии «Союз Т-11» (ҳамроҳи Ю. В. Малышей ва Г. М. Стрекалов) ба сифати кайҳоннаварди тадқиқотчӣ ба кайҳон парвоз кард. 4 апр. 1984 киштии «Союз Т-11» бо комплекси илмии мадории «Салют-7»- «Союз Т-10», ки дар он кайҳоннавардон Л. Кизим, В. Соловьев ва О. Атьков тадқиқот мебурданд, васл шуд. Дар рафти парвоз бо мақсади таҳқиқи захираҳои табии Замин ва муҳити зист аз рӯи программаи «Терра», кайҳонавардон терр. Ҳиндустон ва ноҳияҳои алоҳидаи уқ. Ҳииндро ба сурат гирифтанд.Қисми зиёди программаи илмӣ, ки онро олимони СССР ва Ҳиндустон тартиб доданд ба тадқиқоти тиббӣ оид аст. Баъди иҷрои бомуваффақияти программаи парвози киштии «Союз Т-10» аз комплекси илмии мадории «Салют-7» —«Союз Т-10» — «Союз Т-11» ҷудо шуд ва кайҳоннавардон Малышев, Стрекалов ва Шарма ба Замин баргаштанд.

Бо ордени Ленин, бо ордени олии Ҳиндустон «Ашока Чакра» ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …