Маълумоти охирин
Главная / Илм / ШАРҚШИНОСӢ

ШАРҚШИНОСӢ

ШАРҚШИНОСӢ, ориенталистика, илмест, ки таърих, иқтисодиёт, забонҳо, адабиёт, этнография, санъат, маданият, адьён, фалсафа, осори мадании моддӣ ва маънавии Шарқро ба таври ҷомеъ меомӯзад. Дар дохили Шарқшиносӣ соҳаҳои ҷудогонаи регионалӣ: мисршиносӣ, ошӯршиносӣ, сомишиносӣ, арабшиносӣ, эроншиносӣ, туркшиносӣ, хитойшиносӣ, муғулшиносӣ, ҳиндшиносӣ, японшиносӣ ва ғ. ба вуҷуд омадаанд. Қадимтарии соҳаи Шарқшиносӣ эроншиносист, зеро юнониёни қадим нахустин бор давлати Эрони қадим ва баъдтар тамоми кишварҳои дар шарқи Юнон ҷой гирифтаро Шарқ ном додаанд. Аз ҳамин ҷо мафҳуми Шарқшиносӣ пайдо шуда аст ва ҳудуди ҷуғрофии ин мафҳум таъин гардидааст.

Шарқшиносӣ дар Европа аз асрҳои миёна, ҳангоми барқароршавии робитаҳои тиҷоратӣ ва сиёсии европоиён бо мардуми Осиё ва Африкаи Шимолӣ oғоз ёфтааст. Дар ин давра олимони Европа танҳо ду забон— яҳудии қадимро чун ягона забони мабдаии инсоният ва арабиро ба шарофати осори Абуалӣ ибни Сино ва Ибни Рушд эътироф мекарданд.

Омӯзиши забони форсӣ дар а. 17, асосан, бо мақсади ба роҳ мондани тиҷорату муносибатҳои иқтисодӣ ва дипломатӣ ривоӣ ёфт. Дар ин давра муносибатҳои капиталистӣ ба миён омада буданд ва эроншиносӣ аз ин ҷиҳат нисбат ба арабшиносӣ бештар аҳамияти амалӣ дошт. Ох. а. 16 дар Европа нахустин типографияҳои ҳуруфи шарқӣ дошта ба вуҷуд омаданд. Дар а. 17 грамматика ва луғатҳои забонҳои шарқӣ — туркӣ, арабӣ, форсӣ ва ғ. ба табъ расиданд. Дар Италия, Франция, Англия, Испания, Голландия дастнависҳои зиёде шарқӣ ҷамъ оварда шуданд. Дар асоси ин дастнависҳо якчанд асарҳои ҷомеъ, аз қабили «Китобхонаи шарқӣ»-и д’Эрбело, ки дар бораи муаллифони шарқӣ ва осори онҳо маълумоти нисбатан мукаммал медод, мураттаб гардид (нашри якум — Париж, 1697; нашри дуюм — Гаага, 1777 —78; нашри сеюм ба забони немисӣ—1785). Инчунин матну тарҷумаи як зумра осори классикони адабиёти форс-тоҷик (мас., «Гулистон»-и Саъдӣ) чоп шуданд.

Асрҳои 17—18 дар Европа филоориентализм (шарқдӯстӣ) инкишоф ёфт, ки он осори мадании Шарқро аз диди нав кашф намуда, барои иҷрои мақсадҳои худ мубориза бар зидди истибдоди феодалон ва риёи диндорон истифода мекард. Дар арафаи Революцияи Кабири Франция филоориентализм бо Маорифпарварӣ робита дошт (драмаҳои «шарқии» Вольтер, «Номаҳои форсӣ»-и Ш. Монтескьё ва ғ.).

Методи илмӣ дар Шарқшиносӣ танҳо дар а. 19 роиҷ гардид. Дар асоси ин метод филологияи Шарқ, ки ба забоншиносии муқоисавӣ асос гузошт, бештар ривоҷ ёфт. Пайдоиши забоншиносии муқоисавӣ ба кашфи хатҳо ва забонҳои қадим марбут буд: с. 1771 олими франсавӣ Анкетиль-Дю-перрон Авесторо ба франсавӣ тарҷума кард; олимони англис У. Ҷонс ва Г. Колбрук омӯзиши санскритро дар муқоиса бо забонҳои европоӣ шуруъ намуданд; с. 1802 олими немис Г. Гротефенд, сипас с-ҳои 20— 30 а. 19 олими даниягӣ Р. Раск, англис Г. Роуливсон, франсавӣ Э. Ббюруф хати мехии форсии қадим, Олими франсавӣ П. Э. Ботта, ирландӣ Э. Хинкс хати мехии ошурӣ-бобулӣ ва олими франсавӣ Ф. Шампольон с. 1822 иероглифҳои мисриро кашфу рамзкушоӣ карданд.

Шарқшиносӣ дар замони ҳозира яке аз соҳаҳои тараққикардаи илм дар хориҷа (Европаи Ғарбӣ, ШМА ва мамлакатҳои Шарқи хориҷӣ) мебошад. Ба инкишофи Шарқшиносӣ дар Европа тағйироти пас аз ҷанги дуюми даҳонӣ рӯйдода таъсир расонид. Олимони шарқшиносӣ хориҷӣ қариб дар тамоми Шарқ ҳафриёти бостоншиносӣ гузаронидаанд, матни катибаҳову осори хаттии ҳахоманшнӣ, паҳлавӣ, суғдӣ, портӣ, хутанӣ ва ғ-ро рамзкушоӣ карда, ба табъ расондаанд. Шарқшиносони хориҷӣ инчунин асарҳои ҷомеъ оид ба таърихи адабиёт, забонҳо, шеваҳо, сиёсати забонӣ дар мамлакатҳои Шарқ, маданият, афкори фалсафӣ, таълимоти динии халқҳои Шарқ ба вуҷуд овардаанд. Шарқшиносони мутараққии хориҷӣ ақидаи зиддилмиеро, ки мувофиқи он гуё кишварҳои Шарқ дар ҷаҳолат монда буданд ва мустамликадорон ба он ҷо чун ҳомиёни маданият қадам гузоштанд, рад намуда, таърихи мардуми Шарқро ба сифати як ҷузъи ҷудонашавандаи таърихи инсоният меомузанд. Дар омӯзиши таърих, маданият, адабиёт, забон, иқтисодиёти Шарқ ва ғ. ҳиссаи муҳаққиқон — намояндагони худи мамлакатҳои Шарқ, хеле калон аст.

Масъалаҳои гуногуни Шарқшиносӣ дар конгрессҳои байналхалқии шарқшиносон (аз с. 1873 то имрӯз 31 конгресс баргузор шудааст) ҷамъбаст карда мешаванд.

Дар Россия омӯзиши забонҳои Шарқ пас аз фармонҳои Пётри I (с-ҳои 1700 ва 1702) расм гардид. Яке аз аввалин грамматикаҳои санскритро дар Европа муҳаққиқи рус Г. С. Лебедев с. 1801 тартиб дод. Шарқшиноси маъруфи а. 19 Н. Я. Бичурин (Иакинф) буд. Шарқшиносони рус дар Ун-тҳои Қазон (аз с. 1807) ва Петербург (аз с. 1819) тарбия мегирифтанд. С. 1818 дар Россия Ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ ва сиккаҳо—Музеи Осиё таъсис ёфт, ки баъдан маркази академии Шарқшиносии гардид.

Дар Шарқшиносии тореволюционии рус равияи демократии мутараққӣ ба назар мерасад. Намояндагони ин равия ба халқҳои Шарқ, таърих ва маданияти онҳо эҳтироми зиёд доштанд ва мокушиданд ба таъсири мутақобил ва робитаҳои маданияти Шарқу Ғарб мусоидат намоянд; он ҳо ба қисмату тақдири мамлакатҳои Осиё ва Африка бетараф набуданд, муборизаашонро дар роҳи озодӣ ва пешрвфти маданӣ дастгирӣ менамуданд. Шарқшиносии расмии «давлатии» Россиян подшоҳӣ ба манфиат ва мақсадҳои мустамликадории помещику капиталистон хидмат мекард.

Шарқшиносии марксистӣ дар Россия ибт. а. 20 пайдо шуд. Ташаккули он ба фаъолияти илмию публидсистии В. И. Ленин ва як зумра намояндагони партияи большевикон, ки сиёсати мустамликадории империализм ва муборизаи озодихоҳии миллиро меомухтанд, вобаста буд.

Шарқшиносони рус доир ба Шарқиносӣ осори пурқимат офарида, ба соҳаҳои мухталифи он, аз қабили туркшиносӣ, кавказшиночӣ ва ғ. асос гузоштаанд. Мактаби хитойшиносии рус шуҳрати ҷаҳонӣ дошт. Асосгузори мактаби ҳиндшиносии рус И. П. Минаев мебошад. Тадқиқоти бунёдӣ оиди забонҳои эронӣ, фольклору адабиёт ба А. В. Болдырев, К. А. Коссович, В. А. Жуковский, К. Г. Залеман, Ф. Е. Корш тааллуқ доранд. К. Г. Залеман инчунин асосгузори омӯзиши забонҳои помирӣ мебошад. Ҳиссаи В. А. Дорн дар афғоншиносӣ, А. Ходзько ва Лерх дар тадқиқи забони курдӣ, А. М. Шегрен ва В. Ф. Миллер дар омӯзиши забони осетинӣ хеле калон аст. Арабшиносони маъруфи рус О. И. Сенковский, А. В. Болдырев, Г. С. Саблуков, X. Д. Фрей, Д. А. Хвольсон, В. Ф. Гиргас ва В. Р. Розен буданд. Шарқшиносони тореволюционӣ ҳуҷҷату манбаъҳо, осори маданияти моддӣ ва маънавии Осиёи Миёна, Сибирь, Муғулистон, Хитой ва ғ-ро кашф намуда, дастраси аҳли илм гардониданд. Тадқиқоти сершумори оид ба таърих, ҷуғрофия ва тарзи зиндагии мардуми қадимии Осиёи Миёна ба қалами В. В. Григорьев, Н. В. Ханыков, Н. И. Веселовский, В. В. Бартольд ва диг. дахл доранд. Асосгузори мактаби русии таърихи Шарқи Қадим Б. А. Тураев мебошад. Ба вусъати Шарқшиносӣ дар Россия Ҷамъияти географии рус (дар Петербург), ҷамъияти дустдорони табиатшиносӣ, антропология ва этнография (дар Москва), инчунин Комитети русии омӯзиши Осиёи Шарқӣ ва Миёна мусоидат намуданд. Тадқиқот ва ҳафриёти бостоншиносӣ ба уҳдаи Шуъбаи шарқии Ҷамъияти археологии рус буд. Муҳимтарин нашрияҳои Шарқшиносӣ журнали «Азиатский вестник» (СПБ, 1825—27), силсилаи «Melanges asiatigues» (1852— 92), «Записки Восточного отделения Русского археологического об-ва» (СПБ, 1887—1921), «Известия Русского географического об-ва» (СПБ—М., 1865), ж-и «Мир ислама» (СПВ, 1912—13), «Ученые записки Казанского университета» (Казань, 1834), «Труды по востоковедению Лазаревского восточного института» (М., 1899 —1916) ва ғ. буданд.

Баъди ғалабаи Революцияи Кабири Социалистии Октябрь Шарқшиносии советӣ дар шароиту вазъи душвори “Ҷанги гражданӣ, инторвенцияи хориҷӣ ва барқарорсозии хоҷагии халқ ташаккул меёфт. Ҳиссаи В. И. Ленин дар ташаккул ва инкишофи Шарқшиносии советӣ бузург аст. Мувофиқи Декрети СКХ-и РСФСР (7 сент. 1920), ки В. И. Ле-нин имзо карда буд, Ин-ти марказии забонҳои зиндаи Шарқ ташкил гардид. Нақшаи таълимии он ба вазифаҳои илмӣ ва амалии пешгузоштаи Давлати Советӣ мутобиқ буд.

Шарқшиносии советӣ ба анъанаҳои Шарқшиносии гузашта назари танқидӣ дошт, ба масъалаҳо аз нуқтаи назари интернационализм баҳо медод ва бо ин хусусияташ аз Шарқшиносии буржуазӣ ба куллӣ фарқ мекард.

С. 1921 мувофиқи нишондоди В. И. Ленин донишкадаҳои олии Шарқшиносӣ ва Ассоциацияи умумироссиягии илмии шарқшиносӣ таъсис ёфтанд. Ин Ассоциация ва нашрияаш ж. «Новый Восток» дар инкишофи Шарқшиносӣ ҳиссаи арзанда гузоштанд. Баъдтар дар Ун-ти коммунистии халқҳои Шарқ Ассоциацияи илмии тадқиқот оид ба омӯзиши мустамликаҳо ва масъалаҳои миллӣ ташкил ёфт. Ин ташкилот якчанд монографияҳо, маҷмуаҳо ва ж. «Революционный Восток»-ро нашр кард. Шарқшиносони маъруфи рус дар марказҳои нав ташкилшудаи Шарқшиносӣ ба кор шуруъ карданд. Дар ин давра академикҳо В. В. Бартольд, Н. Я. Марр, .С. Ф. Ольденбург, Ф. И. Щербатской, Б. Я. Владимирцев, И. Ю. Крачковский, П. К. Коковцов асарҳои пурқимат офариданд. Омӯзиши таърихи Шарқи Қадимро академик В. В. Струве бо роҳу равиши нав пеш гирифт. С. 1930 дар заминаи Музеи Осиё ва баъзе муассисаҳои дигари Шарқиносӣ Ин-ти шарқшиносии АФ СССР таъсис гардид.

Марказҳои нави тайёр кардани шарқшиносон ба вуҷуд омаданд (Инти забонҳои зиндаи Шарқи Ленинград ба номи А. С. Енукидзе, Ин-ти шарқшиносии Москва ба номи Н. И. Наримонов ва ғ.). Асарҳои илмии марксистӣ оид ба таърих, иқтисодиёт ва адабиёти кишварҳои муосири Шарқ, оид ба масъалаҳои аграрӣ, ҳаракати коргарӣ ва буҳрони сиёсати мустамликадорӣ, китобҳои дарсӣ доир ба забонҳои гуногун ва таърихи Шарқ таълиф шуданд. Як хусусияти Шарқшиносии муосир он аст, ки худи халқҳои Шарқ, аз он ҷумла Шарқи советӣ дар инкишофи он ҳисса мегузоранд. Дар АФ СССР ва АФ республикаҳои иттифоқӣ марказҳои нави омӯзиши масъалаҳои Шарқшиносӣ таъсис гардиданд (шуъбаҳои шарқшиносӣ, ин-тҳои таърих, забон ва адабиёти академияҳои республикаҳо, инт-ҳои шарқшинси АФ РСС Узб, Озарб., Гурҷ., Тоҷикистон ва ғ) . Дастнависҳои зиёди шарқӣ дар ганҷинаҳои Ленинград, Тошкент, Душанбе, Боку, Ереван, Тибилиси, Қазон ва диг. чойҳо ҷамъоварӣ шудаанд. Дар Ун-ти Москва, Ин-ти мамлакатҳои Осиё ва Африка, дар Ун-тҳои Ленинград, Тошкент, Боку, Тбилиси, Душанбе ва ғ. фак-ти шарқшиносӣ мавҷуданд. С. 1950 Инти шарқшиносии АФ СССР аз Ленинград ба Москва гузаронида шуд. Ҳоло Шуъбаи Ленинградии Ин-ти шарқшиносин АФ СССР вуҷуд дорад. С. 1957 Нашриёти адабиёти Шарқ таъсис ёфт (аз с. 1964— Сарредаксияи адабиёти Шарқи нашриёти «Наука»). Нашрияҳои асосии Шарқшиносӣ ж-ҳои «Советское востоковедение (1955; 1959—61— «Проблемы востоковедения» ном гирифт, аз с. 1961 «Народы Азии и Африки») ва «Современный Восток» (1957; аз с. 1961 — «Азия и Африка сегодня») мебошанд. Шарқшносонӣ советӣ дар осори илмии худ якдилӣ ва ҳамраъйиашонро ба муборизаи озодихоҳии миллии халқҳои Осиё ва Африка кушоду равшан изҳор менамоянд, ба тадқиқу таҳлили масъалаҳои рӯзмарраи зиндагии мардуми Шарқ ва муборизаи он ҷо дар роҳи озодӣ диққат медиҳанд. Шарқшиносони советӣ мустамликадорӣ ва тарзҳои истисмори ваҳшиёнаи пешгирифтаи онро мазаммат мекунанд, решаҳои таърихии дӯстии халқҳои гуногуни Шарқ, таърихи гузаштаи он ҳо, иқтисодиёт, сиёсат, адабиёт, забони онҳоро меомӯзанд, ҳиссаи ононро дар тамаддуни ҷаҳонӣ таъин менамоянд.

Шарқшиносии тоҷик, ки дар с-ҳои 20 ташаккул ёфтааст, манбаъҳо, роҳу равиши хос дошт. Аз як тараф, он бар анъанаҳои илмии мутараққии Шарқ, ки таърихи тулонӣ дошт, такя мекард, аз тарафи дигар, бар методологияи маркистию ленинии хоси тамоми Шарқшиносии советӣ асос ёфта буд. Асосгузорони Шарқшиносии советии тоҷик С. Айнӣ, В. В. Бартольд, С. Ф. Ольденбург ва диг. ба шумор мераванд. Дар инкишофи соҳаҳои гуногуни Шарқшиносии тоҷик ҳиссаи Б. Ғ. Ғафуров, М. С. Андреев, А. А. Семёнов, А. Мирзоев, М. С. Осимӣ, А. М. Баҳоваддинов, Б. И. Искандаров ва диг. зиёд аст. Масъалаҳои Шарқшиносӣ дар Ин-ти шарқшиносии АФ РСС Тоҷикистон, фак-тҳои забонҳои Шарқ, филологияи тоҷик в а таърихи УДТ, Ин-ти забон ва адабиёти АФ РСС Тоҷикистон, Ин-ти таърихи АФ РСС Тоҷикистон, Шуъбаи фалсафаи АФ РСС Тоҷикистон, Ин-тҳои давлатии педагогӣ омухта мешаванд. Шарқшиносони тоҷик ба омӯзиши адабиёти муосири Эрон, забону адабиёт ва таърихи Афғонистон, забону адабиёт ва таърихи мамлакатҳои Араб, забонҳо ва адабиёти Ҳинду Покистон машғуланд. Онҳо инчунин таърихи адабиёти классикии форс-тоҷик, афкори адабиётшиносӣ ва эстетикии форс-тоҷикро тадқиқ менамоянд, равобити адабии халқҳои Шарқу Ғарб, саҳми европоиёнро дар баррасии адабиёти Шарқ меомӯзанд, матнҳои илмиву оммавии осори классикони адабиёти форс-тоҷикро дастраси умум мекунанд. Як гуруҳ шарқшиносони тоҷик ба омӯзиши дастхатҳои шарқӣ ва мураттаб кардани феҳристи Ганҷинаи дастнависҳои Ин-ти шарқшиносии АФ РСС Тоҷикистон машғуланд. Шарқшиносони тоҷик бо муассисаҳои Шарқшиносии Москва, Ленинград ва республикаҳои иттифоқӣ, инчунин бо марказҳои Шарқшиносии Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ва ғ. ҳамкорӣ ва робитаи илмиву фарҳангӣ доранд. Як қатор асарҳои шарқшиносони тоҷик дар Эрон ва Покистон нашр шудаанд. 10 февр. 1983 дар АФ РСС Тоҷикистон Шуъбаи тоҷикистонии Анҷумани ховаршиносони умумииттифоқ ташкил карда шуд, ки 194 наф. узв дорад (1987).

Ад.: Бартольд В. В., История изучения Востока в Европе в России, дар кит.: Соч., т. IX, М., 1977; Очерки по истории русского востоковедения, маҷмуаҳои 1—в, М., 1953—63; Кулагина Л. М.. Кузнецова Н. А., Из истории советского востоковедения. 1917—1967, М. 1970; Брагинский И. С., Проблемы востоковедения, М., 1974; Становление советского востоковедения (Сборник статей), М., 1983; Формирование гуманистических традиций отечественного востоковедения (до 1917 года), М.. 1984.

А. Хромов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …