Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / ШАРҚИ НАЗДИК

ШАРҚИ НАЗДИК

 

ШАРҚИ НАЗДИК, номи шартии ҳудуде, ки дар ғарби Осиё ва шим. шарқи Африка воқеъ гаштааст. Ба ҳайати он Миср, Судон, Исроил, Урдун, Сурия, Лубнон, Туркия, Ироқ, Арабистони Саудӣ, Республикаи Ямани Араб, Республикаи Халқии Демократии Яман, Қувейт, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қатар, Уммон, ҷаз-ҳои Баҳрайн дар хал. Форс, инчунин Республикаи Кипр дар б. Миёназамин дохил мешаванд. Дар адабиёти хориҷа (махсусан Европаи Ғарбӣ ва Америка) мамлакатҳои Шарқи Наздиқро якҷоя бо Эрон ва Афғонистон Шарқи Миёна меноманд. Дар а. 19 ва авв. а. 20 мафҳуми Шарқи Наздик тамоми ҳудуди Империяи усмонӣ, аз ҷумла мамлакатҳои нимҷаз. Балканро ифода менамуд.

sharki-nazdik

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …