Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАРҚӢ Мустафо

ШАРҚӢ Мустафо

ШАРҚӢ Мустафо (фам. Назаров; 11. 10. 1920, деҳаи Қаротоғи ҳозира раёни Турсунзода—5. 10. 1985, Душанбе), нависандаи советии тоҷик. Аз оилаи косиб. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-45). Дар техникуми саноатӣ хондааст. Аз с.1946 ходими адабии газетаҳои республикавӣ ва журналҳои бачагона буд.

Муаллифи маҷмӯаҳои ҳикоёт барои бачаҳо: «Ёру ҷураҳо» (1978), «Мададгорони бобо» (1960), «Одам ва шер» (1961), «Кабутари сулҳ» (1964), «Ҳикояҳо» (1975), повести «Таркиши охирин» (1978), иичунин китоби очерк ва ҳикояҳо — «Меҳри модар» (1965) мебошад.

Чанде аз асарҳояш ба забони русӣ тарҷума шудаанд. Бо медали «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании 1941—1945» мукофотонида шудааст.

Аз с. 1961 узви ИН СССР.

Ад.: Писатели Таджикистана, Д., 1986.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …