Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАРИФОВ Худойӣ

ШАРИФОВ Худойӣ

ШАРИФОВ Худойӣ (тав. 25. 6. 1937, деҳаи Ҷорфи p-ни Қалъаи Хуми ВАБК), адабиётшинос ва мунаққиди советии тоҷик, доктори илмҳои филология (1988). Аз оилаи колхозчӣ. Фак-ти филологияи тоҷики УДТ-ро (1961) хатм кардааст. Аз с. 19611 дар ҳамин фак-т кор мекунад (доцент аз с. 1973).

Шарифов ба масъалаҳои муҳимми адабиёти классикии форс-тоҷик, аз ҷумла ташаккули афкори назарию адабӣ дар асрҳои 10—11, масъалаҳои эҷодӣ бадеӣ, сабкҳо, поэтика, назарияи пайдоиш ва интишори насри тоҷик ва ғ. машғул шуда, доир ба ин мавзуот рисола ва мақолаҳо таълиф кардааст. Саҳми у дар омузиши эҷодиёти бадеии Абуалӣ ибни Сино калон аст (китоби «Мақоми Ибни Сино дар шеъру адаби тоҷик», ҳамроҳи Ш. Ҳусейнзода, 1985; яке аз мураттибони маҷмуаи ашъори Ибни Сино «Авҷи Зуҳал», 1980). Доир ба масъалаҳои назму наср ва драматургияи муосир, эҷодиёти Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Муъмин Қаноат ва диг. мақолаҳо дорад. Аз с. 1979 узви. ИН СССР.

Ос.: Услуб ва камолоти сухан, Д, 1985; Каломи бадеъ, Д., 1988.

А. Давронов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …