Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАРИФОВ Муҳаббат

ШАРИФОВ Муҳаббат

ШАРИФОВ Муҳаббат (тав. 21. 5. 1941, ш. Норак), бетонрез, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1980). Аъзои КПСС аз с.1976. С-ҳои 1960—61 коргари экспедицияи кофтукови комплексии № 3, 1961—64 коргар, сардори бригада,, механики з-ди маҳсулоти оҳанубетонии Управленияи сохтмони «Норак-гэсстрой», 1964—67 дар сафи Армияи Советӣ буд. Аз с. 1967 сардори бригадаи бетонрезони участкаи иншооти асосии Управленияи сохтмони «Норакгэсстрой». Бригадаи бетончиёне, ки ба он Шарифов сардорӣ мекунад, дар сохтмони ГЭС-и Норак муваффақиятҳои барҷаста ба даст овардааст. Депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъвати 8). Бо 2 ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотоннда шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …