Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАРИФИ ТАБРЕЗӢ

ШАРИФИ ТАБРЕЗӢ

ШАРИФИ ТАБРЕЗӢ (с. та в. номаълум—ваф. 1548, Ардабили Озарбойҷон), шоири форс-тоҷик. Дар шеъру шоирӣ устодаш Лисонии Табрезӣ ном шоире будааст. Мувофиқи маълумоти тазкираҳо («Музаккир-ул-аҳбоб»-и Нисорӣ, «Ништари ишқ»-и Ҳусайнқулихони Азимободӣ ва ғ.) Шарифи Табрезӣ ба ашъори хубу марғуб ва ҳаҷвияҳои нишонрас машҳури давр будааст. Барои як қасидаи ҳаҷвияш ба қатл маҳкум шуда, вале бо тасодуфе раҳо ёфтааст. Девони ашъори Шарифи Табрезӣ боқӣ мондааст. Шарифи Табрезӣ ба мавзӯъҳои ишқу вафо, қавоидхои танқидӣ баъзе норасоиҳои иҷтимоӣ, тарғиби адлу дод, панду насиҳат ва ғ. даст задааст. Забонаш соддаю равон мебошад.

Абьёти зер аз уст:

На аз дуди дилам тар сохт ҷонон чашми фаттонро,

Барои куштани май дод оби теғи мижгонро

Хабар гӯё надорад аз дили ғамгини сад ҷонам

Насиҳатгӯ, ки монеъ мешавад чоки гиребонро.

Ба Шарифи Табрезӣ инчунин асареро бо номи «Саҳв-ул-лисон» нисбат додаанд. .

У. Назиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …