Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАРЪӢ Ҳоҷӣ Абдулазим

ШАРЪӢ Ҳоҷӣ Абдулазим

ШАРЪӢ    Ҳоҷӣ Абдулазим (с.тав. номаълум, Пешовари Ҳиндустон—1890, Янгиқурғони Самарқанд), шоир ва тазкиранависи тоҷик. Дар Пешовар ва Бухоро илмҳои расмии даврро омӯхт. С-ҳои 60 а. 19 дар Бухоро мударрис буд. Муддате ба Ҳинд рафта, боз ба Бухоро баргашт.

Дар шеърҳои нахустинаш Сомӣ тахаллус дошт. Аз Шаръӣ тазкираи нотамоме боқист, ки дар Захираи дастнависҳои Ин-ти шарқшиносии АФ РСС Узб. (рақами З396 III) маҳфуз аст. Онро Абдулвоҳиди Мунзим китобат кардааст. Ин асар барои омухтани адабиёти тоҷик дар нимаи дуюми а. 19 аҳамияти калон дорад, чунки муаллиф дар бораи шоирони маъруфи аср (Ахмади Дониш, Савдо, Возеҳ, Шоҳин ва диг.) маълумоти муфассал овардааст. Шаръӣ, ҳамчунин дар ин тазкира Возеҳ ва Аҳмади Дониш барин шоирони пешқадамро аз туҳматҳои ноҳақ ва ҳамлаҳои беҷои уламои мутаассиб ҳимоя намудааст.

Ад.: Ҳодизода Р., Адабиёти тоҷик дар нимаи дувуми асри XIX, Д., 1963.

М. Ҷалилова.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …