Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАРАФХОНИ БИДЛИСӢ

ШАРАФХОНИ БИДЛИСӢ

ШАРАФХОНИ БИДЛИСӢ Шарафуддин ибни Амир Шамсуддин (20. 2. 1543, Карахрӯди наздикии Қум — байни с-ҳои 1599— 1606), таърихнавис ва адиби эронӣ. Падараш ҳокими вил. Курдистон — Бидлис буд. Шарафхони Бидлисӣ дар охири умр ба вазифаи ҳокимии вил. Бидлис расид ва то с. 1596 ҳукмронӣ маму д.

Аз Шарафхони Бидлисӣ асари таърихие бо номи «Шарафнома» (1597—1598) ва якчанд шеъру байтҳои пароканда боқӣ мондааст. «Шарафнома» доир ба таърихи курдҳо, қабилаю тоифаҳои курд, муносибати онҳо бо давлатҳои ҳамҷавор ва ғ. баҳс мекунад. «Шарафнома» борҳо нашр (Петербург, 1860—62; Қоҳира, 1934; Теҳрон, 1965) ва ба забонҳои франсавӣ (1868—75), туркӣ, араб» (Бағдод, 1953) ва русӣ (М., 1967, 1976) тарҷума шудааст.

 С. Холназарова.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …