Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАРАФУДДИН АЛИИ ЯЗДӢ

ШАРАФУДДИН АЛИИ ЯЗДӢ

ШАРАФУДДИН АЛИИ ЯЗДӢ (с. тав. номаълум — ваф. 1454, деҳаи Тафти Язд), муаррих ва шоири форс-тоҷик. Дар аҳди Темуриён умр ба cap бурда, бештари ҳаёташро дар дарбори Шоҳрух ва писари дуюми ӯ Мирзо Абулфатҳ Иброҳим Султон, ки ҳокими Форс (1415—36) буд, гузаронидааст. Бино ба маълумоти «Таърихи Рашидӣ» ҳокими Ироқи Аҷам Султон Муҳаммад с-ҳои 1423—24 Шарафуддин Алии Яздӣро ба назди худ (ш. Қум) даъват мекунад. С. 1429 ШОҳРУХ Шарафуддин Алии Яздиро ба Язд хонда мураббии Улуғбек таъин кард. С-ҳои 1446—47 Шарафуддин Алии Яздӣ барои дар исьёни Султон Муҳаммад иштирок карданаш ба қатл хукм мешавад. Бо дахолати Абдуллатиф ибни Улуғбек ӯ аз қатл халос шуда, бо баҳонаи ёрӣ ба корҳои илмии Улуғбек ба Самарқанд фиристонида мешавад. Баъд аз вафоти Шоҳрух Шарафуддин Алии Яздӣ бо иҷозати Султон Муҳаммад, ки дар он вақт ҳокими Хуросон буд, ба деҳаи Тафти Язд рафта, он ҷо вафот мекунад. Шарафуддин Алии Яздӣ  барвақт ҳамчун шахси порсо ва олим шӯҳрат ёфта буд. У асарҳои бисьёре навиштааст. Асари асосии вай «Зафарнома» (таълифаш 1419—25) мебошад, ки он ба Темур бахшида шудааст. Шарафуддин Алии Яздонӣ бо тахалл. «Шараф» шеър ҳам эҷод кардааст.   Н. Қосимов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …