Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАРАФ Шариф

ШАРАФ Шариф

ШАРАФ Шариф (тав. 15. 5. 1927, деҳаи Шайдони pаёни Восеъ, вил. Кӯлоб), мутарҷими советии тоҷик. Коркуни Хизматнишондодаи Маданияти РСС Тоҷикистон (1987). Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз с. 1962. Омӯзишгоҳи педагогии Кӯлоб (1945) ва Ин-ти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро тамом кард (1950). Муҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон (1952—62), мудири шуъбаи тарҷумаи адабиёти бадеӣ (1962—75), муовини сармуҳаррари нашриёти «Ирфон» таъин шуд (1975—78), мудири шуъбаи адабиёти бадеӣ (1962-75), муовини сармуҳаррири нашриёти «Ирфон» таъин шуд.  (1979—87). Аз с. 1987 мудири шуъбаи нашриёти «Адиб». Муҳимтарин тарҷумаҳояш инҳоянд: Л. Толстой «Ҳикояҳо барои кӯдакон» (1955), Д. Пантелеев «Пакет» (1957), Г. Мало «Бепарастор» (1958), Д. Гринвуд «Саргузашти Ҷим (1959), Г. Мустафин «Пас аз туфов» (1965), Мулк Роҷ Ананд «Қиссаи як зани ҳинду» (1965), Майи Рид «Савораи бесар» (1975), К. Симонов «Зиндаҳо ва мурдаҳо» қ. 1 1978), А. Конан-Дойл «Ҳйкояҳо дар бораи Шерлок Холмс» (1982), Э. Базен «Оташи оташнишон» (1983), Ю. Семенов «Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор» (1984), В. Распутин «Зинда бошу фаромӯш макун» (1986) ва ғ. Аз с. 1971 узви ИН СССР. Бо медал ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …