Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАПОШНИКОВ Борис Михайлович

ШАПОШНИКОВ Борис Михайлович

shaposhkin-b

ШАПОШНИКОВ Борис Михайлович (2. 10. 1882, ш. Златоуст, ҳозира вил. Челябинск —26. 3.1945, Москва), Маршали Иттифоқи Советӣ (1940). Аъзои КПСС аз с. 1930. Иштирокчии Ҷанги якуми ҷаҳонӣ. Майи 1918 ихтиёрӣ ба Армияи Сурх дохил шуда, вазифаҳои мухталифи штабиро дар Совети олии ҳарбӣ ва Комиссариати халқии ҳарбии баҳрии Украина иҷро кард. Аз авг. 1919 сардори шуъбаи разведка, аз окт. 1919 сардори Управлениям оперативии Штаби саҳроии Совети ҳарбии революционнии Республика. Баъди ҷанги гражданӣ с-ҳои 1921—25 ёрдамчии 1-уми capдори Штаби Армияи Сурхи Коргару Деҳқон, с-ҳои 1925—28 фармондеҳи қӯшунҳои округҳои ҳарбии Ленинград ва Москва. С-ҳои 1928—31 сардори Штаби Армияи Сурхи Коргару Деҳқон, 1931—32 фармондеҳи қушунҳои Округи ҳарбии Приволжия, 1932—35 сардор ва комиссари ҳарбии Академияи Ҳарбии ба номи М. Ф. Фрунзе, 1935—37 фармондеҳи қӯшунҳои Округи ҳарбии Ленинград. Солҳои 1937—40 сардори Штаби генералӣ ва ҷонишини Комиссари халқии мудофиа. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватании 1941—45 сардори Штаби Генералӣ, ҷонишини Комиссари халқии мудофиа, сардори Академияи олии ҳарбии ба номи К. Е. Ворошилов. Аъзои КИМ (даъвати 7), депутати Совети Олии СССР (даъвати 1); номзад ба аъзогии КМ ВКП(б) аз с. 1939. Бо ордени Ленин, 2 ордени Байрақи Сурх, ордени Суворов (дараҷаи 1), 2 ордени Ситораи Сурх мукофотонида шудааст. Курси олии тирандозии тактикии «Выстрел» номи Шапкинро гирифтааст. Дар Майдони Сурхи назди девори Кремль дафн шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …