Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАПКИН Тимофей Тимофеевич

ШАПКИН Тимофей Тимофеевич

shapkin-t

ШАПКИН Тимофей Тимофеевич (5. 3. 1885, Хутори Семимаячный, станицаи верхнекондрученский ҳозира вил. Ростов—22. 3. 1943, Ростови Дон), лашкаркаши советӣ, генерал-лейтенант (1940). Аз оилаи казаки Дон. Аъзои Партияи Коммунистӣ аз с. 1938. С. 1922 курсҳои олии Академия, 1935 Академияи Ҳарбии ба номи М. В. Фрунзеро хатм кард. С-ҳои 1922—24 фармондеҳи дивизияи савора, баъдтар инспектори Армияи савораи Округи ҳарбии Сибири Ғарбӣ. Аз с. 1926 командири Бригадаи 7-уми махсуси савораи Туркистон дар Тоҷикистон (с. 1932 ба Дивизияи 20-уми савора табдил гардид). Иштирокчии фаъоли несту нобуд кардани дастаҳои босмачиёни Фузайл Махсум ва Иброҳимбек (1931). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45). Бо 4 ордени Байрақи Сурх ва ордени Кутузов (дараҷаи 2) мукофотонида шудааст.

А. Я. Вишневский.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …