Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШАПАЛАКҲО

ШАПАЛАКҲО

ШАПАЛАКҲО, гулпаракҳо, шаҳпаракҳо, пулакчаболҳо (Lepidoptera, аз юн. lepis — пулакча ва pteron — бол), як гурӯҳи ҳашаротро гӯянд. Андозаашон аз 3,3 мм то 30 см (ҳангоми боз будани болҳояшон) мерасад. Шапалакҳо ду ҷуфт бол доранд, ки бо пулакча пӯшида шудаанд. Баъаеашон (Ш.-и модина) қисман ё тамоман беболанд.

shapalakho

Шапалакҳо аксаран шомгоҳон ё шабона фаъол мешаванд. Ғизояшон асосан шираи гул, оби меваҳои пӯсида ва моддаҳои гуногуни ширини наботог аст. Баъзе фақат аз ҳисоби моддаҳое, кн дар бофтаҳои равған ҳангоми кирминагӣ захира кардаанд, ғизо мегиранд; дар чунин Шапалакҳо хартумча баъзан тамоман нест мешавад. Як қатор Шапалакҳо қобилиятя тез парвона кардан доранд, мас, баъзе Шапалакҳои оилаи Sphingidae дар як соат то 54 км парвоз мекунанд.

Шапалакҳо ҳашароти ҷудоҷинса буда, афзоишашон аз тухм аст. Шапалаки модина ба танҳоӣ ё гурӯҳ шуда дар барг, навда, тана, пӯстлохи наботот ва хок садҳо (баъзан то 2—3 ҳаз.) тухм мегузоранд. Тухми Шапалакҳо зардии бисъёр дошта, онро аз берун пардаи махсус (хорион) пӯшида аст. Аз тухми шапалак кирмак мебарояд. Кирминаи ҳама новъҳои шапалак тор ҳосил карда, онро барои лонасозӣ, паноҳгоҳ ва махсусан танидани пилла (ҷилди муҳофиз, ки дар дохили он кирмак ба зоча мубаддал мешавад) истифода мебаранд. Боли Шапалаки пас аз пилла баромада кӯтоҳ ва нарм аст. Он баъдтар аз таъсири гемолимфа калону мустаҳкам шуда, шапалак қобилияти парвоз пайдо мекунад. Шапалакҳо дар мамлакатҳои тропикӣ бештаранд. Дар ҷаҳон 140 ҳаз. ва дар СССР зиёда аз 15 ҳаз. намуди Шапалакҳо ҳаст. Дар Тоҷикистон қариб 1000 намуд ёфт шудааст.

Шапалакҳо растаниҳоро гардолуд карда, фоида меоранд; баъзе Шапалакҳо (мас., шапалаки абрешим)-ро мепарваранд, (ниг. низ Кирмак, Кирмакдорӣ). Шапалак зарар низ меоранд. Дар СССР қариб 1000 намуди Шапалак ба зироат зарар мерасонад. Баъзе Шапалакҳо зараррасони хоҷагии ҷангал мебошанд. Mac., Dend-rolimus sibiricus садҳо ҳаз. га бешазорро нобуд мекунад, Намудҳои дигари Шапалакҳо дар хонаю анборҳо зиндагӣ карда, хӯрокворӣ, мӯина, матоъҳои пашмию абрешимиро нобуд менамоянд.

Ад.: Фауна СССР. Насекомые — чешуекрылые, т. I, 3, 4, 12, 13. М.—Л., 1937— 64; Определитель насекомых Европейской части СССР, Л., 1978. Р. Шерниёзова.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …