Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ШАНХАЙ

Шаҳри ШАНХАЙ

shanxay

ШАНХАЙ, калонтарин шаҳр, маркази саноат ва бандари баҳрӣ дар Хитой, дар соҳили д. Хуаипу, дар наздикии б. Шарқи Хитой. якҷоя бо маҳалҳои атрофаш воҳиди маъмурии алоҳида мебошад. Аҳолиаш бо атрофи шаҳр 12 млн наф. (1982). Шанхай узели муҳимми р. о. ва роҳҳои автомобилгард, бандари калони баҳрӣ ва дарёест. Соҳаҳои муҳимми саноаташ: мошинсозӣ (аз ҷумла киштисозӣ), коркарди нефт, металлургия, полиграфия, химия, саноати сабуку хӯрокворӣ. 2-ун-т, ин-тҳои тиббӣ, педагогӣ, ин-ти забонҳои хориҷӣ дорад. Дар шаҳр Филиали АФ РХХ, муассисаҳои тадқиқоти илмӣ, як қатор ҷамъиятҳои илмӣ, Расадхонаи астрономӣ, музейҳо, ёдгориҳои меъморӣ ва ғ. мавҷуданд. Шанхай дар маҳалли аҳолинишини қадимии моҳигирон — Хуту буньёд ёфтааст. Аз а. 16 ба маркази тиҷорат ва ҳунармандӣ табдил ёфт.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …