Маълумоти охирин

ШАНҶАР

ШАНҶАР, алафи бодирин г, (Borago), як ҷинси растаниҳои дупаллаест аз оилаи шанҷариҳо; гиёҳҳои як, ду ва бисьёрсоларо дар бар мегирад. Дар СССР фақат Шанҷари доруӣ (В. officinalis — гиёҳи як ё ду-солаест, ки 70 см қад мекашад, гулаш кабуд); чун алафи бегона дар полиз, назди манзилгоҳҳо ва ғ. меруяд. Дар Европаи Ғарбӣ Шанҷарро чун сабзавот мепарваранд; барги он бӯи бодирингро дорад. Бинобар ин онро «алафи бодиринг» ҳам мегӯянд. Аз баргу навдаҳои Шанҷар чой, шарбат ва ҷавҳар тайёр мекунанд; бо барги он инчуннн матоъро ранги нилобӣ медиҳанд.

С. Юнусов.

shanjar

 

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …