Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАМСУДДИНИ ДАРВОЗӢ

ШАМСУДДИНИ ДАРВОЗӢ

ШАМСУДДИНИ ДАРВОЗӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири тоҷик. Дар ох. а. 19 ва авв. а. 20 зиндагӣ ва эҷод кардааст. У барои такмили дониш ба Бухоро рафта, пас аз хатми мадрасаи Бухоро ба зодгоҳаш Дарвоз баргаштааст. Бино ба маълумоти Муҳтарам («Тазкират-уш-шуаро») ва Афзалмахдуми Пирмасти («Афзал-ут-таз-кор фи зикр-ип-шуаро вал-ашъор») Шамсуддини Дарвозӣ аз шоирони намоёни замонаш будааст. Девони ашъори шоир дастрас нест, вале ашъори парокандааш дар тазкираву баёзҳо дучор мешаванд. Як мухаммаси у дар баёзи шоирони Дарвоз, ки мураттибаш Йулдошбии Доии Бухорӣ буда, зери рақами 819 дар Ганҷинаи дастнависҳои Ин-ти шарқшиносии АФ РСС Тоҷикистон маҳфуз аст ва чанд ғазалаш дар девони Муҳиддини Қаротегинӣ оварда шудааст. Ин матлаи ғазал намунае аз ашъори уст:

Маро, ки бастаам аз кӯи дӯст марҳилан.

Бувад зи бахтаму аз кас набошадам гилае.

А. Ҳабибов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …