Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАМСОИ ГЕЛОНӢ

ШАМСОИ ГЕЛОНӢ

ШАМСОИ ГЕЛОНӢ (с.тав. номаълум — ваф. 1701), файласуфи эронӣ (а. 17), шогирди файласуфи маъруф Мирдомод мулаққаб ба «муаллими солис». Дар ҳавзаи илмии Исфаҳон таҳсил кард. Ба Сурияву Ҳиҷоз сафар карда, рисолае дар «Ҳудуси олам» навиштааст. Баъзе манбаъҳо «Масолик-ул-яқин» ро ба ӯ нисбат медиҳанд. Ба «Қабасот»-и Мирдомод низ шарҳ навиштааст. Дар маъхазҳо 16 асари ӯ номбар шудааст. Дар асарҳои фалсафиаш масъалаҳои исботи вуҷуди хориҷӣ, навъҳои дониш ва ғ.-ро таҳлил намудааст.      М.Ҳазратқулов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …