Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАМСИИ ӮРОТЕППАГӢ

ШАМСИИ ӮРОТЕППАГӢ

ШАМСИИ ӮРОТЕППАГӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири тоҷик (а. 16). Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш маълум нест. Шамсии ӯротеппагӣ дар ҳама навъҳои шеър моҳир буда, бахусус ғазалу қасидаро некӯ мегуфтааст. Мутрибӣ дар «Тазкират-уш-шуаро» ба ҳунари шоирии Шамсии ӯротеппагӣ баҳои баланд дода, як ғазали дар ҷавоби Анварӣ гуфтаи уро мисол овардааст, ки ин бандҳо аз он ҷост:

Маро завқи хаёлат дар дили вайрона мерақсад,

Зи шодӣ дарду ғам, ҷоно, дар ин кошона мерақсад.

Чунон бинвохт пири дайр ноқуси муҳаббатро,

Ки имшаб посбони Каъба дар майхона мерақсад.

Чунон дар ҳасрати шамъи ҷамолат сӯхтам имшаб,

Ки бар гирди сарам то субҳидам парвона мерақсад.

Парастидам бутеро з-он миён. Шамси, ки аз ҳасрат,

Бараҳман то ба рӯзи ҳашр дар бутхона мераксад.

У. Каримов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …