Маълумоти охирин

ШАМСИ ТАБРЕЗӢ

shamsi-tabrezi

ШАМСИ ТАБРЕЗӢ Шамсуддини Муҳаммад ибни Алӣ нбни Маликдод (1188, Табрез —1248). ориф ва мутафаккири форс-тоҷик. Аз ҷавонӣ ба тасаввуф майл намуд. Сипас ба мусофират баромада, дар сафарҳои тулониаш бо бузургону пешвоёни маънавии шаҳру кишварҳо вохурд ва бо таълимоташон ошно шуд.

Шамси Табрезӣ қоидаҳову расмияти масҷиду хонақоҳро риоят намекард, ба шайхони хонақоҳнишин нафрат дошт. У хондану маънидод кардани ҳадисҳо ва мунозираҳоро дар боби таърихи авлиёву анбиё кори беҳуда мешуморид. Шамси Табрезӣ бо Ҷалолуддини Румӣ шиносоӣ пайдо карда, ба ташаккули ҷаҳонбинии у таъсири азиме расонид. Табиати озодидустонаи Ҷалолуддини Румӣ, ки дар доираи танги афкору ақоиди шаръӣ тазйиқ меёфт, бо мадади таълимоти башардӯстонаву озодихоҳонаи Шамси Табрезӣ роҳу равиши дигар гирифт. Ҷалолуддини Румӣ баҷои намозу маҷлиси ваъз ба самбъ (сайру суруд), рақс, нолаи най ва таронаи рубоб руй овард. Аҳли дин Шамси Табрезиро «соҳир», «ҷодугар» мехонданд. Шамси Табрезӣ ба оҳанги ранҷиш с. 1246 Қунияро якчанд муддат тарк кард. С. 1248 пас аз Қуния абадан ғайб зад ё ба ривояте ба дасти душманонаш кушта шуд.

Шамси Табрезӣ назариёти мутараққие ба вуҷуд оварда буд, ки дар он инсони комил аз ҳама мавҷудот болотар гузошта шудааст. Қисме аз афкору ақоиди у дар «Мақолоти Шамс» инъ икос ёфтааст. Ҷалолуддини Румӣ дар осори худ—«Девони Шамси Табрезӣ» ва Маснавии маънавӣ» номи Шамси Табрезиро абадӣ гардонидааст.

С. Сиддиқов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …