Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ШАМС-УЛ-ЛУҒОТ»

«ШАМС-УЛ-ЛУҒОТ»

«ШАМСУЛЛУҒОТ» фарҳангест, ки бо кӯшиши гуруҳи донишмандони Ҳиндустон, таҳти poҳбарии Ҷозеф Баретто с. 1802 мураттаб шудааст. Он ду бор (с-ҳои 1801 ва 1891) ба табъ расидааст. Бештар аз 38500 моддаи луғавӣ (калимаҳои форсӣ, арабӣ, туркӣ, юнонӣ, ҳиндӣ ва ғ.) -ро дар бар мегирад. Дар ин фарҳанг баробари принципҳои луғатсозии пешина аз тарзи луғатсозии европоӣ истифода шудааст. Манбаъҳои «Шамс-ул-луғот.» — «Луғати фурс», «Си-ҳоҳ-ул-фурс, «Адот-ул-фузало, «Му-айид-ул-фузало», «Мадор-ул-афозил» ва ғ. Дар «Шамс-ул-луғот» маълумоти мухтасар оид ба «Фарҳангн Сомонӣ», «Фарҳанги Ҳусайнӣ», «Ҳал-ул-луғот-уш-шуаро», «Фарҳанги Қозӣ Заҳир», «Фарҳанги манзума», «Фарҳанги Шаҳобуддин Кирмонӣ», «Луғати хонагир», «Фарҳанги танчирӣ», «Баҳр-ул-маонӣ», «Фарҳанги Воҳидии Шерозӣ», «Рисолаи Бадеъуддин», «Табаҳ-турн» барин асарҳо, ки то имрӯз танҳо номашон маълум аст, омадааст. Дар «Шамс-ул-луғот» байтҳои тозаи шоирони а. 10—-Хусравӣ, Шокири Бухороӣ, Хусравонӣ, Кисоӣ, Имора, Мунҷики Тирмизӣ, Дақиқӣ, Абӯшакури Балхӣ ва Абулаббоси Марвазӣ ба назар мерасанд. Луғатсозони зиёд, аз ҷумла мураттибони «Фарҳанги забони тоҷикӣ аз «Шамс-ул-луғот» истифода кардаанд.      А. Насриддинов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …