Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАМИМ Хайруллоҳ

ШАМИМ Хайруллоҳ

ШАМИМ  Хайруллоҳ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири тоҷик (а.17). Аз доираи ҳунармандон. Чанде бо касби офтобасозӣ машғул будааст. Сипас дар дарбори Абдулазизхон (ҳукмр. 1645—81) то ба тахт нишастани ҳукмрони дигар хидмат кард. Охири умрашро дар фақирию нодорӣ гуазронидааст.

Аз осори Шамим қитъаҳо ва абёти пароканда тавассути тазкираҳо (мас., «Музокир-ул-асҳоб»-и Малеҳои Самарқандӣ) боқӣ мондааст. Шамим ба сабки ҳиндӣ пайравӣ карда, ашъори ҳасбиҳолӣ, ишқӣ ва ғ. офаридааст. Абёти зерин аз уст:

Баски резад гарди кулфат аз ҷабини ҳоли мо,

Шишаи соат бувад оинаи тимсоли мо.

Баски шуд аз беқарори хилъати мо чун нафас,

Дар тани оина чун дил метапад тимоли мо.

Ад.: Мирзоев А., Сайидо и его место в истории таджикской литературы, Сталиннбад, 1954; Суханварони Сайқали рӯи замни, Д., 1973.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …