Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШАМАНИЗМ

ШАМАНИЗМ

ШАМАНИЗМ, як шакли этиқоди динист, ки дар ҷамъияти авлодию қабилавӣ ба вуҷуд омадааст. Ба Шаминизм эътиқоди анимистӣ, алалхусус эътиқод ба «руҳи шарир» хос аст. Ба одамон талқин намудани мавҷудияти қувваҳои фавқуттабиӣ, кушиши ба тақдири одамон таъсир расондан ва эмин доштани онҳо аз дарду бало ва ноумедиҳо мазмуни асосии Шаманизм мебошад. Ба Шаманизм боз маросими махсус — камлания хос аст, ки дар он шаманҳо ба ваҷд омада, бо доду фарёд, дасту по задан ва диг. ҳаракатҳо гӯё ба руҳи хайру шарр таъсир расонданӣ мешуданд. Дар ин маросим онҳо дойра, ҳуштак, кулоҳу хилъат ва миёнбандро истифода мекарданд. Ш. чун хурофот бештар дар байни халқҳои таҳҷоии Сибир боқӣ мондааст. Муваффақиятҳои сохтмони социализм ва пурзур шудани тарбияи атеистӣ ба нест шудан хурофотҳои Ш. мусоидат мекунанд.         П. Филатова.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …