Маълумоти охирин

ШАЛҒАМ

shalgham

ШАЛҒАМ, салҷам, лифт (Вгав-slca гера), гиёҳи дусолаест аз оилаи чилликгулҳо. Як навъ бехмеваи турбмонанди хурданист. Шалғам соли якум барг мебарорад, соли дуюм гул карда тухм мебандад.

Шалғами худрўй маълум нест. Taxмин мекунанд, ки Шалғам дар кишварҳои Осиёи Пеш пайдо шудааст. Дар Юнони Қадим Шалғам чун маҳсулоти хурокворӣ ҷои 3-юмро (баъди ғалладона ва ангур) мегирифт. Дар ҳудуди ҳозираи СССР ҳанўз дар а. 11 Шалғам мекоштанд. Ҳоло Шалғамро дар ноҳияҳои ғайрисиёҳзамини мамлакатамон бештар мепарваранд. Шакл, ҳаҷм ва ранги навъҳои Шалғам (зард, сурх, бунафш, сафед) гуногунанд. Вазни як донаи Шалғам аз 20—30 г то 1 кг мешавад. Навъҳои Шалғами пешпазак дар давоми 5—7 ҳафта, дерпазак баъди 10—12 ҳафта мепазанд. Дар мамлакати мо бештар навъҳои «Петровская 1» (ниг. расм), «Словецкая», «Майская», инчунии навъҳои маҳаллии Шалғами намангонӣ ва самаркандиро мекоранд. Аз ҳар га кишти Шалғам 150—300 ц ҳосил (бехмева) меғундоранд. Дар реслубликаи мо Шалғаи сурх ва зард аз қадим маълум аст. Абўисҳоқи Атъима гуфтааст:

Шалғам барои ришта зи дасти пиёзи тар,

Чандин малол диду дар охир висол ёфт.

Шалғам сабзавоти тезрас ва серғизост. Шалғам манбаи витамини С (то 63 мг%) аст. Дар он витаминҳои Bi, В, РР, каротин низ мавҷуданд. Дар Шалғам 3,8—9% қанд, 0,4—2% сафеда, намакҳои минералӣ ва ғ. ҳастанд.

Шалғам растании доруии қадимист. Хусусияти шифобахши он ба Дисқуридус (Диоскорид, а. 1 м.), Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абуалии Сино маълум буд. Мас., бино ба гуфти Сино марҳаме, ки аз тухми Шалғам тайёр мекунанд, варами қадкашакро мегардонад. Шалғам инчунин ба гурда, чашм ва қафаси сина муфид аст. Қувваи боҳро меафзояд. Давоии Шалғам дар «Махзан-ул-адвия»-и Муҳаммад Ҳусайн (таълифаш 1776) чунин тавсиф шудааст: «Тановули матбухи он серғизо ва рафъкунандаи сулфа ва мулайини сина ва шикам, муқаввии чашм ва иштиҳооваравд. Ва чун решаҳои борики онро соида бо асал биёшоманд ҷиҳати сипурз ва усрулбавл (душвории бавл) муқарраб. Ва пухтаи он несткунандаи варамҳо..».

Табибони халқӣ шарбати Шалғамро (шираи онро қанд андохта меҷушонанд) давои хуби зангила (цинга) меҳисобанд. Шалғамоба қотеъи балғам аст. Ба шахсони гирмфтори сулфа ва зиққинафас хеле нафъ мебахшад. Ҳангоми илтиҳоби узвҳои ҳозима истифодаи Шалғам зарар дорад.

Ад.: Ҳикмати асрҳо, Л 1975; Склпревский Л Я., целебные свойства пищевых растений М.. 1972; Матвеев В. П., Рубцов М. И., Овощеводство, М., 1978.

М. Ҳоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …