Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШАҚОҚУЛ

ШАҚОҚУЛ

ШАҚОҚУЛ, шашқул, шашқоқул, ашқоқул, сабзии даштӣ, сабзикаҳак, ҷазирак (Daucus carota), як навъ гиёҳи як ва дусолаест аз оилаи чатргулҳо. Бехаш (тиррешааш) дукмонанд. Пояаш рост, сахт, шохронда (то 1.5 м қад мекашад). Шақоқул (1), гул (2) ва тухми он (3). Баргаш калон, пармонанд. Хушагулаш чатршакл (диаметраш 4—10 см), сергул. Гулаш сафед (фақат якто гуле, ки дар миёнаҳои «чатр» ҷой гирифтааст, сурх ё гулобист). Тухмаш хордор. Моҳҳои апр.— июнь гул мекунад. Донаш моҳхои июнь — сент. мерезад.

shakokul

Шақоқул дар аксар ноҳияҳои ботаникиву географии Тоҷикистон (ғайр аз к. Муғул, водии д.Сир ва Помири Шарқӣ)  фаровон аст. Бештар дар алафзори ҳамворӣ, туғайзор, бедзор, фарқзор, канорн роҳҳо, замини партов, соҳили ҷую дарьёҳо, чун алафи бегона дар бoғy киштзор меруяд.

Доруии Шақоқул ба Дисқулидус (Диоскорид; а. 1 м,), Ҷолинус (Гален), Абуҳанифаи Диноварӣ, Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абуалии Сино ва диг. маълум буд. Дар тиб ба халқи ҷӯшоби бех ва баргу пояи Шақоқулро барои табобати иллати ҷигар ва заъфарма истифода мебаранд. Бехашро ҳангоми камхунӣ ва газак гирифтани меъда истеъмол мекунанд. Тухмашро доруи заҳррон ва исҳоловар меҳисобанд. Аз тухми Шақоқул ва сабзӣ «даукарин» ном доруе ҳосил кардаанд, ки барои табобати заъфи музмини рагҳои хунгард истифода мебаранд.

Тухми Шақокул 15—20% равған, 1—2,8% равғани эфир (40—52%-аш герниол) дорад, ки дар атриёт ба кор ояд. Тухмашро дар саноати консерв низ чун хушбӯй истифода бурдан мумкин аст. Дар баргаш то 205 мг % витамини С ҳаст.

Ад.: Атлас лекарственных растений СССР, М.,1962- Флора Таджикской ССР, т. 7, Л, 1984.

М. Хоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …