Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШАҚОИҚИ НӮЪМОН

ШАҚОИҚИ НӮЪМОН

ШАҚОИҚИ НӮЪМОН, 1) лолаи Нӯъмон, лӯълӯи Нӯъмон (Anemone coronaria), як навъ гули маъмули лоламонандест аз ҷинси шақо (оилаи чакамуғиҳо). Бехаш ҷалғузаамонанд, сахт ва камоб мешавад. Пояаш 30—50 см қад мекашад.

shakoiki-numon

Гулаш калон (диаметраш 6—8 см), сурх (моҳҳои апр.—июнь мешукуфад).

Шақоиқи Нӯъмон гули қадимист. Мувофиқи гуфти Абурайҳони Берунӣ Азҳарӣ Ш. Н. ном гирифтани ин гулро чунин шарҳ додааст: Ҳокими Ҳарӣ Нуъмон ибни Мунзир (580—602) дар маҳалле қарор гирифт, ки дар атрофи он ҷой регтешаҳои бисьёр буданд. Дар теппагиҳо гули сурхе меруяд, ки арабҳо барои ҳамранги хун буданаш шақир мегуфтанд. Гули зебои шақир ба Нуъмон ибни Мунзир хеле писанд омад ва у фармуд, ки он маҳалро мамнуъ эълон кунанд, то ба он ҷо чорвое наравад ва гул доимо хуррам бошад. Аз он вақт Шақоиқи Нӯъмонро дар чорбоғу гулбоғҳо мепарваридаанд. Қатрон гуфтааст:

Бурда аз марҷон ба гуна лолаи Нӯъмон сабақ,

Бурда аз мутриб ба дастон булбули хушгӯй гуй.

Шақоиқи Нӯъмонро асосан аз лундааш месабзонанд. Онро моҳҳои авг.— сент. ба чуқурии 6—8 см (масофаи байни кучат 10—15 см) мешинонанд; 2) шақиргулак, шақоиқи бухорӣ (A. bucharica), гиёҳи бисьёрсолаест аз ҷинси шақоиқ. Решапояаш лундамонанд (дарозиаш 2—Зсм, бараш 1—1,5 см), байзашакл. Пояаш як ё якчандто (20—30 см над мекашад), бешоха 6 камшоха (1—2 то шохча дорад), серпашмак. Барги бехи пояаш сегушаи лаҳн (дарозӣ ва бараш 3—4,5 см), 3—5-парра. Гулпояаш серпашмак (то 10—20 см) мешавад; гулаш калон (диаметраш 3—6 см), 5 (баъзан 6—7)-барга, сурх (дар ҳар бех моҳхои март.— апр. одатан 3-то гул мешукуфад). Мевааш (дарозиаш 2—3 см) нештаршакл (моҳҳои май — июнь мепазад), вазни 1000-тоаш 1 г. Асосан дар минтақаи алафзор, ҷангалзори гармсер, арчазор ва ғ. (қ-куҳҳои Ҳисору Дарвоз ва мавзеъҳои ҷан. Тоҷикистон; 700—2500 м аз с. б.) меруяд. Шақоиқи бухорӣ хоси набототи ҷан. Помиру Олой аст. Гули зебои худруст. Онро дар Боғи ботаникии Ин-ти ботаника (ш. Душанбе) аз с. 1948 ин ҷониб мепарваранд. Агар тухмашро тирамоҳ коранд, баҳори соли дигар месабзад (баъди 3 сол гул мекунад). Шақиқи бухориро аз қаламчаи решапояаш ҳам (ох. янв.— февр. мешинонанд) зиёд мекунанд. Гулдастаи он дар об 7—8 рӯз тару тоза меистад.

Ад.: Цветоводство Таджикистана, Д., 1965; Николаенко Н. П., Справочник цветовода, М., 1971; Флора Таджикской ССР, т. 4, Л.; 1975.

М. Хоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …