Маълумоти охирин
Главная / Илм / ШАКЛ ВА МАЗМУН

ШАКЛ ВА МАЗМУН

ШАКЛ ВА МАЗМУН, категорияҳои фалсафиеро гуянд, ки дар ягонагии диалектики вуҷуд дошта, мазмун тамоми унсурҳои таркибӣ ва ҷиҳати асосии ин ягонагиро фаро мегирад, шакл бошад, тарзи фароҳам омадани мазмун ва алоқамандии нисбатан устувору зарурии унсурҳои таркибии онро ифода мекунад. Ин категорияҳоро аввалин шуда намояндагони фалсафаи атиқаи Юнон тадқиқ намуда буданд. Арасту таълимоти нисбатан мукаммалро пешниҳод намуда, ҷисмро аз ягонагии шакл ва модда иборат дониста буд. Дар фалсафаи асрҳои миёнаи Шарқ масъалаи Шакл ва мзмун ҳамчун категорияҳои модда ва сурат баррасӣ шудааст. Дар он файласуфон суратро дар модда зоҳиршаванда ва моддаро дохили сурат дониста, робитаи зотии онҳоро қайд намудаанд. Дар фалсафаи замони нав иқдоми аввалинро дар бартараф кардани фаҳмиши идеалистии моддаю сурат К. Бруно гузошт. Андешаҳои уро минбаъд Ф. Бэкон, Р. Декарт, Т. Гоббс инкишоф доданд. И. Кант таносуби шаклу моддаро дар ҷараёни маърифат тадқиқ намуд ва Г. Гегель барои ифодаи муодили моҳияти таносуби байни «модда» (материя) ва шакл категорияи мазмунро дохил кард. У робитаи байни Шакл ва мазмунро робитаи диалектикии тазоддҳо номид.

Классикони фалсафаи марксистӣ дар зери мафҳумн мазмун на худи мабдаъ, балки ҳолати дохилии он, маҷмўи процессҳоеро мефаҳманд, ки аз таъсири мутақобили байни унсурҳои фароҳамоварандаи мабдаъ ва муҳит ба вуҷуд омада, мавҷудияту инкишоф ва ивазшавии онро имконпазир мегардонанд. Шакл ҳамчун сохти ташакулу инкишофёбанда тадқиқ мешавад. Ба фикри Маркс, таносуби объективии Шакл ва мазмунро ба назар гирифта, процессҳои дақиқии шаклофариниро дар марҳилаҳои гуногуни он фаҳмидан зарур аст (Маркс К. и Энгельс Ф., Соч,, т. 20, ч. 3, с. 526).

Шакл ва мазмун ягонагии нисбии тазоддҳоро ифода мекунад. Дар ин ягонагӣ мазмун ҷамбаи мутаҳаррику тағйирёбанда ва шакл системаи робитаи устувори ашё ва процессҳо мебошад. Аз ин рў, дар ҷараёни инкишоф номувофиқатии Шакл ва мазмун ба вуҷуд меояд, ки он дар ниҳояти кор ба шикастани шакли кўҳна ва пайдо шудани шакли мутобиқ ба мазмуни нав анҷом меёбад. Ин нуктаро дар мисоли номувофиқатии қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ нишон додан мумкин аст, ки оқибат ба тағйир ёфтани тарзи истеҳсолот оварда мерасонад. Ҳамин масъаларо ба назар гирифта В. И. Ленин қонуни инкишофро чунин тасвир кардааст: «муборизаи мазмун бо шакл ва баръакс. Дур андохта шудани шакл, аз нав сохта шудани мазмун» Ленин В. И., Ас., ч- 38, с. 226).    Н. Қулматов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …