Маълумоти охирин
Главная / Илм / ШАХС

ШАХС

ШАХС, яке аз категорияҳои грамматикии феъл аст, ки бо категорияя шумора якҷоя истифода мешавад. Воситаҳои грамматикии ифодаи Q1. ва шумора бандакҳои феълӣ ва хабарӣ меоошанд. Феъл се Шахс дорад. Шахси якуми танҳо ва ҷамъ—гуянда (ман, мо, моён), Шахси дуюми танҳо ва ҷамъ — шунаванда (ту, шумо, шумоён) ва Шахси сеюми танҳо ва ҷамъ—ғоиб (вай, у, онҳо). Шахси ғоиб шахс, предмет ё ҳодисаеро мефаҳмонад, ки дар бораи вай сухан меравад. Шаклҳои Шахси феъл тобишҳои маъноии махсус доранд. Мас., шакли Шахси дуюми танҳо маънои умумшахсро ифода макунад (Аввал бубин ҷои худ, баъд бимон пои худ). Шакли Шахси сеюми ҷамъ маънои номуайяншахсро низ мефаҳмонад (Ҳамаро рӯфта бурданд). Шакли Шахси якуми ҷамъ ҳангоми ифодаи хоксориву фурутанӣ ба Шахси якуми танҳо далолат мекунад (Мо дирӯз аз хона набаромадем). Барои эҳтиром Шахси дуюми ҷамъ ба маънии Шахси дуюми танҳо (Шумо фармоед, ман менависам) ва Шахси сеюми ҷамъ бо маънои Шахси сеюми танҳо меояд (Падарам омаданд).

Ад.; Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик, ч. 1, Фонетика ва морфология, Д., 1981».

Ш. Рустамов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …