Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШЕКСПИР Уильям

ШЕКСПИР Уильям

uiliam-shekspir

ШЕКСПИР (Shakespeare) Уильям 23. 4 1564, Стратфорд-он-Эйвон — 23. 4 1616, ҳамон ҷо), шоир ва драматурги англис. Яке аз саромадони давраи Эҳьё. Эҷодиёташ ба чор давра тақсим мешавад. Дар давраи аввал воқеаномаҳои «Генрихи VI» (се пьеса, 1590—92), «Ричарди II»

(1503), «Мазҳакая хатоҳо» (1592), фоҷиаи «Тит Андроник» (1594), достонҳои «Венера ва Адонис» (1592), «Лукреция» (1593) ва ғ. навишта шудаанд. Дар давраи дуюм воқеаномаҳои «Ричарди II» (1593), «Шоҳ Ҷон» (1596), «Генрихи IV» (қ. 1, 1597), «Генрихи IV» (қ. 2, 1598), «Генрихи V» (1598), мазҳакаҳои романтикии «Ду веронагй» (1594) ,    «Савдогари венециягӣ» (1596), фоҷиаи «Ромео ва ҷульетта» (1595)   ва «Сонетҳо» (1592—98; тарҷ тоҷ. якчандтои онҳо, 1965) таълиф гардидаанд. Фоҷиаҳои зерин ба давраи сеюм тааллуқ доранд: «Юлий «Цезарь» (1599), «Хамлет» (1601), «Отелло» (1604), «Шоҳ Лир» (1605), «Макбет» (1606) ва як қатор мазҳакаҳо. Давраи чаҳорум драма ва фоҷиаҳои романтикии «Перикл» (1609), «Цимтелин» (1610), «Афсонаи зимистон» (1611), «Тӯфон» (1612) ва ғ-ро дар бар мегирад. Дар фоҷиаҳои Шекспир, аз ҷумла, «Отелло», «Шоҳ Лир», «Макбет», ки шоҳасарҳои драматургияи ҷаҳон мебошанд, миллатчигӣ, худпарастӣ ва муносибатҳои буржуазӣ танқид гардида, вафодорӣ, бародарӣ ва инсонпарварӣ тарғиб шудаанд.

Эҷодиёти Шекспир ба театр ва драматургияи ҷаҳон таъсири бузург расонидааст. «Отелло», «Ромео ва Ҷульетта», «Шоҳ Лир», «Ду веронагӣ», «Ҳамлет» дар Театри академии драмаи Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ намоиш дода мешаванд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …