Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАКАРХОНУМ

ШАКАРХОНУМ

ШАКАРХОНУМ      (номи пуррааш Шакархонум бинти Зиёмуҳаммад; с. тав. ва ваф. номаълум), мутриба ва ракқосаи тоҷик (а-ҳои 15—16). Дар Бухоро ба дунё омадааст. У аз ҷавонӣ ба созу овоз ва рақс майли зиёд пайдо карда, бештар дар иҷрои таронаҳои ирфонию ахлоқӣ ном баровардааст. Аввал аз падараш ва сипас аз устодони мусиқии зодгоҳаш ҳунар омухтааст. У бо санъати рақс ва маҳорати баланди мутрибӣ дар зодгоҳаш ва берун аз он шуҳрат пайдо намуда, чанд муддат дар Ҳирот низ ҳунарнамоӣ кардааст. Шакархонум охири умр ба зодгоҳаш баргашта, он ҷо вафот кардааст.           А. Раҷабов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …