Маълумоти охирин

ШАҲРОШӮБ

ШАҲРОШӮБ, шаҳрангез, як навъ шеърест ҳаҷман хурд, мазмунан шух ва шурангез. Дар давраҳои гуногуни адабиёти форс-тоҷик расм шуда буд. Дар аввалин Шаҳрошӯбҳо соҳибмансабону амалдорони шаҳр фош карда мешуданд. Дар сарчашмаҳо номи чаҳор шоири а. 16 зикр шудааст, ки ин гуна шеърдҳои ифшогар навиштаанд: Муҳаммадҳошим ва Ҷалолуддин Муҳаммади Огаҳии Хуросонӣ, Воҳиди Қуммӣ ва Ҳарфии Исфахонӣ. Огаҳию Тарфӣ барои Шаҳрошӯб қатл шуда буданд. Дигар навъи Шаҳрошӯб вобаста ба инкишофи шеъри ҳунармандӣ ба миён омад. Шеърҳои оиди пешаю ҳунарҳо, кам бошанд ҳам, дар а-ҳои 11—12 вуҷуд доштанд. Aммo баробари равнақи касбу ҳунарҳои гуногун (а-ҳои 15—17) дар эҷодиёти Сайфии Бухороӣ, Дарвеши Деҳакӣ ва Сайидои Насафӣ шеъри ҳунармандӣ ривоҷ гирифт. Шаҳрошӯбҳои ҳунармандӣ дар шакли қитъа (Масъуди Саъди Салмон), рубоӣ (Амир Хусрави Деҳлавӣ), ғазал (Сайфии Бухороӣ), маснавӣ (Ваҳиди Табрезӣ), мухаммас (Бедил) таълиф ёфтаанд. Аввалин Шаҳрошӯби мукаммале, ки то замони мо расидааст, Шаҳрошӯби Масъуди Саъди Салмон мебошад. Ин Шаҳрошӯб аз 94 қитъаи алоҳида иборат буда, дар як шеъри ба ҳунармандон оиди он аз 2 то 9 байт (ҷамъ 270 байт)-ро дар бар мегирад. Шаҳрошӯби Сайидои Насафӣ, ки имрӯз боқист, яке аз беҳтарин Шаҳрошӯбҳо дар адабиёти тоҷик ба шумор меравад. Дар он 212 наф. намояндагони пешаҳои гуногун ба тариқи ҳазл тавсиф шудаанд. Шаҳрошӯб барои фаҳмидани майлу хоҳиши аҳли пешаҳои шаҳр ва муайян намуданн хусусиятҳои иҷтимоию сиёсӣ ва адабии давраҳои гуногуни таърихӣ аҳампяти калон дорад.        

Т. Неъматзода.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …