Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «ШАҲРИЁРНОМА»

«ШАҲРИЁРНОМА»

«ШАҲРИЁРНОМА»      маснавии Мухтории Ғазнавӣ, ки дар пайравии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, дар авв. а. 12 навишта шудааст. «Шаҳриёрнома» як қатор достонҳои қаҳрамонӣ, аз ҷумла достонҳои «Шаҳриёр ва Фаромурз», «Арҷосп ва Луҳросп», «Аржангдев ва Золи Дастон», «Золи Дастон ва Сулаймон пайғамбар», «Исфандиёр ва Арҷосп», «Исфандиёр ва Рустам»-ро дар бар мегирад. Достони «Шаҳриёр ва Фаромӯрз» ҳаҷман калон буда, дигар достонҳо дар алоқамандӣ бо он омадаанд. Ҳамаи достонҳои «Шаҳриёрнома» дар асоси асотир, афсонаву ривоят ва достонҳои қадимии халқӣ таълиф шудаанд. Қаҳрамонҳои мусбати «Шаҳриёрнома» — Шаҳриёр, Золи Зар, Фаромурз, Бонугушасп ва дигаронро, ки ба хонадони Рустам марбутанд ва хислатҳои неки инсонӣ (мардонагӣ, вафодорӣ, инсондустӣ, ватанпарварӣ) доранд, ба образҳои манфии асар Арҷосп, Аржангдев, Гуштосп, Фаронак ва дигарҳо муқобил гузошта шудаанд. Қаҳрамони асосии достон Шаҳриёр ба нафъи давлати Ғазнавиён бар зидди ҳиндуҳо ҷангҳои шадид мебарад. Дар «Шаҳриёрнома» инчуния муборизаву зиддиятҳои байни лашкарони Эрону Туронзамин ва кушиши нигоҳ доштани ягонагии мамлакат тасвир ёфтааст. Дар «Шаҳриёрнома» аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ абьёт ва порчаҳои ҷудогона иқтибос шудаанд. «Шаҳриёрнома» дорои 925 байт буда, дар «Девони Усмони Мухторӣ» (Теҳрон, 1962) ба табъ расидааст.

  1. T. Неъматзода.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …