Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАҲРИЁР Сайид Муҳаммадҳусайн

ШАҲРИЁР Сайид Муҳаммадҳусайн

ШАҲРИЁР Сайид Муҳаммадҳусайн (тав. 1906, Табрез), шоири эронӣ. Шаҳриёр аввалҳо «Беҳҷат» тахаллус доштааст. Нахустин маҷмуаи ашъораш (1928) баҳои баланд гирифта буд. С. 1952 маҷмуаи дуҷилда ва с, 1967 девонаш дар ду ҷилд ба табъ расидааст. Ғазалҳои Шаҳриёр шуҳрати зиёд доранд. Он ҳо дорои фикру мазмунҳои пухта ва санати баланди шеърианд. Шаҳриёр дар ғазал Ҳофизи Шерозиро пайравӣ кардааст. Ашъори у асосан мазмунҳои ишқӣ ва фалсафӣ доранд. Дар бисьёр ғазалҳояш озодии занон, танқиди беадолатӣ, ватанпарастӣ барин оҳангҳои иҷтимоӣ ҷои намоёнро ишғол мекунанд («Рахти сиёҳу бахти сафед», «Дам бизан, эй зан», «Арбоби зимистон» ва ғ.). Шаҳриёр дар байни намояпдагони «шеъри нав» низ мақоми махсус дорад («Қаҳрамонони Сталинград», «Ҳазьёни дил», «Эй вой, модарам» ва ғ.).

shahriyor

Ҳар сол 6 с 7-уми март ба шарафи шоири номӣ дар Табрез «Рӯзи Шаҳриёр» баргузор мегардад.

Ашъори Шаҳриёр дар Тоҷикистон ҳаводорони зиёд дорад. Аз он ҷумла достони «Қаҳрамонони Сталинград» ва шеърҳои дигари у дар саҳифаҳои маҷмуаҳои мунтахаб ва рӯзномаву маҷаллаҳо ба табъ расидааст. Ғaзалҳои «Ҳоло чаро?», «Як шаб бо Қамар». «Таронаи ҷовидон», «Ёди Шаҳриёр»-ро ҳофизони тоҷик месароянд. Ашъораш ба забонҳои русӣ ва диг. халқҳои СССР тарҷума шудааст.

Ос.: Шахриёр (Баргузинаи ашъор). Д., 1983. М. Муллоаҳмадов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …