Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Лондон

Шаҳри Лондон

ШАҲРИ ЛОНДОН (London) – Лондони Калон (Groater London), пойтахти Британияи Кабир, маркази асосии иқтисодию сиёсӣ ва мадании Британияи Кабир ва ҳамчунин бузургтарин шаҳри иқтисодию маорифии ҷаҳон ба шумор меравад. Яке аз шаҳрҳои сераҳолитарини дунё буда, дар маркази хав­заи Лондон ва ду тарафи соҳили резишгоҳи дарёи Томна аз соҳили баҳри дар баландии 5 метр воқеъ гаштааст.

Лондон

Иқлими Лондон баҳрӣ. Ҳарораташ миёнаи январи +5,3 С, июл +18,0° С, боришоти солона 645 мм. Лондон якҷоя бо районҳои атрофи шаҳр Лондони Калонро ташкил медиҳад, ки аз 32 округ ва Сити ибо­рат аст. Масоҳаташ 1,8 ҳазор км2. Аҳолиаш 8,7 млн. нафар дар соли 2017 ташкил кард. Органи идораи умумии шаҳрӣ — Шӯрои Лондони Калон.

Лондон таърихи дуҳазорсола дошта, асрҳои 11—12 —пойтахти расмии Ан­глия буд. Асарҳои 17—18 Лондон ба яке аз бандарҳои калонтарини баҳрии дунё, маркази калони тиҷоратӣ ва молиявӣ табдил ёфт. Оммаи васеи Лондон дар революцияи буржуазии Англия ро­ли бузург бозид. Лондон маркази калонтарини ҳаракатҳои коргарӣ, яке аз манбаъҳои асосии коргарӣ буд.

Соли 1847 дар Лондон Конгрессҳои 1-ум ва 2-юми Иттифоқи коммунис­тон баргузор шуд; соли 1864 Интернатсинонали 1-ум таъсис ёфт. А. И. Гер­тсен ҳамроҳи Н. П. Огарёв солҳои 1857—65 газетаи «Колокол»-ро нашр карданд. Асарҳои 19—20 дар Л. К. Маркс, Ф. Энгелс, В. И. Ленин кор ва зиндагӣ кардаанд. Дар ин ҷо съездҳои 2-юм, 3-юм ва 5-уми РСДРП барпо шуда буданд. Соли 1902 дар Лондон газетаи «Искра» чоп мешуд.

ЛОНДОН ДАР ХАРИТА

Дар Лондон ва атрофи он корхонаҳои гуногуни саноатӣ ҷой гирифтаанд: мошинсозӣ, коркарди металл (саноати авиатсия ва автомобилсозӣ, электротехникӣ ва электронӣ, атомӣ, асбобсозӣ, таъмири киштиҳо, истеҳсоли радиою аппаратҳои телефон ва ғайра), коғазбарорӣ, коркарди нефт ва полиграфӣ, хӯрокворӣ, тамоку, дӯзандагӣ, химия, чӯбгарӣ, мебел ва ғайра, Саноатӣ Лондон дар истеҳсоли маҳсулоти саноатии мамлакат роли калон мебозад. Аэропортҳо: Лондон (Хит­роу) ва Гатуик. Сохтмони метрои Лондон соли 1860 оғоз ёфта дар дунё қадимтарин аст.

Дар Лондон Университети Лондон, Университети Сити, Институти политехникии Си­ти, Академияи санъати драмавии подшоҳӣ, Академияи мусиқии подшоҳӣ, Мактаби балети подшоҳӣ, Китобхонаи музеи Британия, Китобхонаи илмии техникии миллӣ воқеанд. Лондон зиёда аз 30 музей, аз ҷумла Му­зеи Британия, Музеи илмӣ, Музеи геология, Нигористони миллӣ, Музеи баҳрии миллӣ, Театри миллӣ, театрҳои опера ва балета «Ковент-Гарден» ва «Сэдлерс-Уэллс» ва ғайра дорад.

ВИДЕО ДАР БОРАИ ЛОНДОН

Ноҳияҳои асосии Лондон: Сити — дар он бонкҳою биржаҳо, идораҳои монополияҳои калон, бинои парламент, муассисаҳои ҳукуматӣ ва қароргоҳи подшоҳ (қасри Бакингем) ҷои ги­рифтаанд. Уэст-Энд — райони истиқоматӣ ва тиҷоратӣ, Ист-Энд — рай­они докҳо ва маҳалли коргарнишин. Майдонҳои асосӣ: хиёбонҳои Лействер, Паккадили — сёркӯс, Трафалгар ва ғайра мебошад.

Ёдгориҳои меъмории асрҳои 11— 10: қасри Тауэр, дайри Вестминстер, Калисои Ҳазрати Павел, музеи Британии, бинои парламент.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …